Шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ меандешанд ва як қатор корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро вусъат додаанд.
Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки сокинони ҷамоати Ёрӣ, деҳаи Мингдона бо иқдоми «Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда беҳтар аст, аз бартарафсозии он!» ҳашари дастаҷамъона баргузор гардида, мавзеъҳои осебпазири сойи Мингдона тоза ва мустаҳкам карда шуданд.
Ин иқдом ҳам барои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва ҳам тозаву озода нигоҳ доштани муҳити экологӣ роҳандозӣ гардида, аз ҷониби сокинони шаҳр низ хуш пазируфта шуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки шаҳри Панҷакент дар миқёси кишвар аз ҷиҳати хавфи офатҳои табиӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор меравад, ҳамасола бар асари бориши борону барф, омадани сел, лағзиши тарма, резиши регу санг, ярч ба қайд гирифта мешаванд. Барои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Панҷекат, идораву ташкилотҳо, сокинони шаҳр чораҳои пешгирикунанда роҳандозӣ мегарданд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Панҷекат, дар ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Косатарош, Фароб, Сӯҷина, Лоиқ Шералӣ, Саразм, Ёрӣ, Рӯдакӣ, Ворӯ, Пули Гирдоб бо ҷалби раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллӣ ва фаъолон вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои андешидани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар давраи баҳору тирамоҳи соли 2021, пешгирӣ аз омадани сел, шинонидани дарахтон дар шафати селроҳаҳо, ба роҳ мондани корҳои соҳилбандӣ, тоза намудани селроҳахо аз партову сангу шағал мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Шаҳзода Бутаева,
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати вилояти Суғд,
лейтенанти калон.