Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш ва ҳаёти солим, сулҳу субот дар ҷомеа, устувор мондани дӯстию бародарӣ ва рафоқат байни кормандони вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 25 – уми феврал дар Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии захираҳои Олимпӣ №5-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии волейбол баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа дастаи варзишгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувва озмуданд.
Бозӣ ба ҳисоби 2:0 фоидаи дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.