Дар шаҳри Ҳисор тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 дар мавзӯъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ҳудудӣ, ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда» чорабинӣ гузаронида шуд. Ҳадаф баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва омўзонидани онҳо дар идоракунии нерўҳои ғайриҳарбӣ ва сафарбар кардани қувва ва воситаҳо барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Дар машқ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсионӣ, комиссияи устуворгардонии фаъолияти соҳаҳо ва ҳайати шахсии хадамот, инчунин қувва ва воситаҳои ҳудуди корхона ва аҳолии гирду атроф ҷалб карда шуданд.
Дар рафти машқ ҳолати омодабоши ҳайати роҳбарикунанда, қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ санҷида шуд. Дар машқи фармондеҳӣ - ситодии мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирӣ ва паст кардани хавфу хатарҳо аз ҳолатҳои фавқулодда 1-адад техникаи заминкан Драглайни ЭО-652 барои тоза ва барқарор намудани канали Навобод, Ҷамоати деҳоти Навобод ва 1-адад Драглайни ЭО-652 барои тоза намудани заҳбури К-12–и деҳаи Одилободи Ҷамоати деҳоти Дурбат сафарбар гардидаанд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур бо мақсади пешгирӣ аз селу обхезиҳои мавсимии баҳори соли 2021 дар мавзеъи Янги–Чорякорон-1, ки пойгоҳои обкашии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр пур аз қуму лой гардида буд, бо истифода аз техникаҳои заминкани Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки айни ҳол дар ҳудуди деҳаи Мирзочули Ҷамоати деҳоти Чорякорон, ноҳияи Рўдакӣ ба корҳои тозакунии соҳили канали калони Ҳисор машғул мебошанд, гузаронида шуд.
Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ дар ҳудуди шаҳр 30,4 км корҳои тозаю барқароркуниии соҳили каналу заҳбурҳо гузаронида шудааст ва идома доранд.
сардори бахш
майор Ш. Давлатов