Дирӯз аз боз шудани кулли роҳҳои баста дар қаламрави кишвар хабар дода будем. Гуфта будем, ки тарма дар чандин манотиқ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард ва дар баъзе аз минтақаҳо ҳаракати мошинҳо муваққатан боз дошта шуданд. Баъди нимирӯзӣ хабари боз шудани роҳи Душанбе-Чаноқ низ расонаӣ шуд. Фаврӣ: IRS хабар дод, ки роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд.
Имрӯз бино ба иттилои расида роҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Ишкошим бозанд ва мошинҳо бе мамониат равуо доранд.
Аммо шабонарӯзи гузашта бе хабари тарма набуд. Аз ҷумла дар қаламрави деҳаи Лайрони ҷамоати Сангвори ноҳияи Сангвор тарма ҷараёни ҳаракати дарёи Рангновро баст. Ҳолати ба миёномада хатаре ба аҳолии деҳа надошт, вале сокинон аз оқибати эҳтимолии он хабардор ва огоҳ карда шуданд. Соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ дарё пурра аз тарма пок ва оби он боз ба маҷрои худ ҷорӣ шуд.
Ҳамчунин лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ низ ба қайд гирифта шуд. Бо ёрии техникаи махсуси Вазорати нақлиёти кишвар роҳ поккорӣ шуд. Ин ҳодиса ягон қурбонӣ ва ё харобии дигар ба дунбол надошт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои пурбориш, ки хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ вуҷуд дорад, хеле эҳтиёткор бошанд. Муваққатан аз сафар ба маҳалҳои тармарез ва чарогоҳҳову ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд.