Дар асоси Нақша чорабиниҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо 25 нафар сармуҳандисони муассисаҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар семинар гузаронида шуд.
Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба иштирокчиён амалиётҳои наҷот ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда ва тарзи истифодабарии таҷҳизоту лавозимоти замонавии наҷот амалан нишон дода шуд.
Инчунин мутахасисони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар мавриди қонуну қарорҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси ам алӣ ва назариявӣ роҳандозӣ гардид.
М.Муйдинов