Фаврӣ: IRS хабар дод, ки роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд

Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки шаби гузашта бар асари лағзиши тармаву барфи баланд баста буд, чанд лаҳза пеш дубора боз шуд. Ширкати IRS дар сомонаи худ хабар дод, ки  чанд “дақиқа пеш, баъд аз бартараф намудани тармаҳо, тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз гардид.Кормандони филиали Ширкат ҷаҳд доранд, то дар давоми рӯз гузариши автомобилҳо аз ҳарду ҷониб имконпазир шавад.

Тавре хабар дода будем, бар асари боришҳои зиёд дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мондааст. Чунончӣ, 24 феврали соли 2021 дар километри 67 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб ва Хоруғ-Мурғоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.  

Барои тоза намудани роҳҳо аз барфтӯдаҳо хадамоти роҳи ширкати “IRS” ва наҷотбахшони КҲФ, ки шабонабарӯз навбатдоранд, талош ба харҷ медиҳанд.  Шабонарӯзи гузашта имдодгарони КҲФ ронандагон ва мусофирони 28 мошинро, ки дар километрҳои 65 ва 73 роҳи Душанбе – Айнӣ дармонда буданд, ба маконҳои амн интиқол доданд. 

Гуфтанист, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳҳо дар фасли зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагони Кумита дар қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам навбатдорӣ мекунанд. Ин тадбирҳо барои пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои пурбарф заруранд.

барчасп: