Мулоқоти муфид дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

24 феврали соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот роҳбари дастгоҳи AKDN ҷаноби Руслан Бобов ва директори иҷроияи Фонди Тоҷикистонии Оғохон ҷаноби Кишвар Абдулалишоев дар бораи фаъолияти ташкилот ва хадамотҳои он ва ҳамкориҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Зикр гардид, ки зимни мулоқоти дуҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оғохони IV, ки соли 2019 дар шаҳри Порис баргузор гардид, дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо мақсади мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон созиш ба даст оварда шуд. Хабар дода шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда Барномаи миёнамӯҳлат оид ба рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 таҳия шудааст.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба намояндагони Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) барои ҳамкориҳои зич дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки кумакҳои расида танҳо бо як мақсад – расонидани ёрӣ ба мардуми Тоҷикистон равона мешаванд.   

Роҳбари КҲФ пешниҳод намуд, ки барои баррасӣ ба Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030 се лоиҳа дохил карда шавад: Таъсиси Маркази миллии омӯзиши ғаввосони наҷотбахш, сохтани машқгоҳҳо барои Маркази миллии таълими наҷотдиҳандагон, инчунин сохтмони биноҳо барои шӯъбаҳои байниноҳиявӣ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва ноҳияи Варзоб.

Ҷониби Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ҳавасмандии худро барои дохил кардани ин тарҳҳо ба Барномаи ёдшуда эълон кард. Ҷаноби Руслан Бобоев ба алоқамандии минбаъдаи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ба ҳамкориҳои дуҷониба таъкид намуд. 

барчасп: