23 феврали соли 2021дар қаламраи ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 7 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Душанбе барои муддате баста гардид.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тарма сабт шуд ва ин сабабгори дармондани мошинҳои зиёд дар ин шоҳроҳи азими кишвар гардид. Дар айни замон роҳ пурра тоза карда шудаву равуои мошинҳо аз сар гирифта шудааст.
Ин тармалағзишҳо талафоти ҷонӣ ва харобӣ дар пай надоштанд.
Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои номусоид дар кишвар аз 24 то 26 феврал идома хоҳад кард. Барфу борон дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо ва водиҳо дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво рӯзона дар водиҳо 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Ногаҳон паст шудани ҳарорат дар манотиқи мухаталифи кишвар эҳтимоли расидани зарар ба зироатҳо, гулҳои ороишӣ ва дарахтони гулкардаро зиёд кардааст. Илова бар ин, хатари тармафароӣ, сангрезӣ ва сел дар минтақаҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ, инчунин пайдоиши ях дар роҳҳо боқӣ мондааст.
Ва боз ҳам Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба чарогоҳ, ғунучини ҳезум ва шикор худдорӣ варзанд.
КҲФ ҳамеша ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар чунин рӯзҳои серборишу тармахез эҳтиёткор бошанд, ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро нигоҳ доранд.