Баррасии идомаи сохтмони Маркази миллии омӯзишӣ бо дипломатҳои хориҷӣ

19 феврали соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хонум Мэрилин Йосефсон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протманн ва Роҳбари Департамент оид ба масъалаҳои сиёсии Сафарати ИМА хонум Петра Гаспарова баргузор шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои идомаи сохтмони Маркази миллии омӯзишии омодасозии наҷотдиҳандагон (марҳилаҳои дуюм ва сеюм), омӯзиши имдодгарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин марказ (марҳилаҳои дуюм ва сеюм), омӯзиш ва бозомӯзии хадамоти наҷотро баррасӣ карданд. 

Ғайр аз ин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ва пешниҳодҳо барои қадамҳои минбаъдаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

барчасп: