Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсат барои соли 2021 рӯзи чоршанбеи аввали ҳар моҳ тамрини кимиёвӣ гузаронида мешавад. Рӯзи 3 феврали соли 2021 низ чунин тамринот аз ҷониби шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат бо иштироки ҳайати шахсӣ баргузор гардид.
Дар тамрини мазкур сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат подполковник Холмаҳмад Холов тибқи дастурамали тартиби истифодабарии воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, ҳолати техникӣ, намуд, хусусият, маҷмӯъ ва қоидаҳои нигоҳдории ниқоби зиддигазӣ, дуруст интихоб намудани андозаи он, тозакунӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал дод.
Дар охири тамрин аз рӯи меъёри муқарраргардида ҳайати шахсӣ тарзи пӯшидан ва истифодабариии ниқобҳои зиддигазӣ санҷиш супоридаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки якҷанд намуди воситаҳои ҳифзи инфиродӣ мавҷуданд, ба мисоли ГП – 5, ГП – 7, маҷмӯаи муҳофизатии умумиқушунӣ (ОЗК), Камзӯли муҳофизатии Л-1 ва ғайра, ки дар мавриди ҳифз аз маводи заҳролудкунанда истифода мешаванд.
Ш.Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат,
лейтенанти калон.