Рузҳои 29-30 январи соли 2021 бо мақсади беҳтар намудани сатҳи маълумотнокӣ ва огоҳӣ аҳолӣ ҳангои омадани сел ва интиқоли аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ба бехавф дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш бо бо фаъолону сокинон корҳои таблиғӣ роҳандозӣ шуд.
Дар дидору мулоқот сухан бештар аз фасли зимистон рафт. Бо назардошти ҳодисаҳои фоҷеабори чанд рӯзи охир ба сокинон гуфта шуд, ки рӯзҳои барфу борон ва сармо аз рафтан ба чарогоҳҳо ва доманакӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Ба онҳо дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ҳолатҳои гуногуни фавқулодаву офатҳои табиӣ нақл карда шуд. Мутахассисони Раёсати Кумита ба сокинон хотиррасон карданд, ки баъди ин барфу рӯзҳои сард оғози баҳор ва рӯзҳои боронӣ дар пешанд ва боиястӣ, ки селроҳаҳо сари вақт тоза шуда бошанд, то аз хавфи сел мардум эмин бимонанд.
Дар ин мулоқотҳо ҳамчунин дар бораи он сухан рафт, ки сокинон набояд бачаҳоро беназорат гузоранд ва ҳамеша аз ҳолашон хабар дошта бошад, то дар рӯзҳои боронӣ гирифтори ягон мушкил нашаванд.
Сухан ҳамчунин аз риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гарм кардани хонаҳо рафт ва огоҳ карда шуданд, ки беназоратии асбобҳои барқӣ метавонад сабаби сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш гардад.
Ба мардум инчунин дар бораи риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз сироят ба коронавирус гуфта шуд. Ҳарчанд ба назар мерасад Тоҷикистон дар мубориза зидди КОВИД-19 пирӯз шудааст, вале ин ба маънои он нест, ки хотирҷамъ бошем. То замоне, ки оламиён аз вирус эмин нестанд, хавфи сироят ҳамеша вуҷуд дорад ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ шарти аввали сироят нашудан аст.
Дар мулоқот бо мардум ҳамчунин масъулини маорифи шаҳр, ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва дигарон ҳузур доштанд.