Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мубтало шудани 44 нафар ба вируси корона КОВИД-19 дар як шабонарӯзи гузашта хабар дод. Дар иттилоияе, ки чанд лаҳза пештар ин вазорат расонаӣ кард, аз ҷумла гуфта мешавад: То соати 18:00 дақиқаи 22 июн дар кишвар 5513 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4039 (73,2%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.
То 22 июни соли равон дар саросари олам 9 073 562 нафар мубталоён ба коронавирус Covid-19 ба қайд гирифта шуданд. Зарфи як шабонарӯз дар кулли олам 66 ҳазору 937 нафар чун сироятшудаи нав сабти ном шуданд.
Аз оғози ҳамагирӣ 471 ҳазору 195 нафар бар асари гирифторӣ ба ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. Дар шабонарӯзи гузашта 2 ҳазору 472 нафар фавтидаанд.
Омори расмӣ теъдоди муолиҷашудагон аз коронавирусро дар кулли кишварҳои дунё 4 миллиону 855 ҳазору 548 нафар эълон кардааст.