Чопи гузориш аз фаъолияти Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Русия дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷумлаи пурхонандатарин матолиби рӯз буд. Консули генералӣ дар ин минтақаи калони Россия Зафар Сайидзода – олиму донишманди шинохта, ки 17 феврали соли равон ба ин вазифа таъйин шуда буд, зарфи ҳудудан се моҳе, ки оламиён бо КОВИД-19 дастбагиребонанд ва ин вируси кушанда саросари Россияро низ фаро гирифтааст, корҳои шоистаеро ба нафъи муҳоҷирини дар карантинмонда анҷом додааст. Бо хоҳиши мо Зафар Сайидзода дар бораи фаъолияти консулгарии Екатеренбург муфассал гузорише ирсол намуда буд, ки дар ду бахш нашр шуд.
Ба ҳамин хоҳиш ба Давлаталӣ Назризода - Консули генералии Чумхурии Точикистон дар шахри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия низ муроҷиат кардем ва матлаби расидаро аз фаъолияти консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санк-Петербург вобаста ба рӯзҳои пурташвили ҳамагирии КОВИД-19 ба мутолиаи шумо пешкаш мекунем.
Иқдомоти нахустин
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ва паҳншавии COVID-19 дар ҳавзаи консулӣ корбарӣ ва чорабиниҳои заруриро тибқи муқаррарот ва дастуру супоришҳои роҳбарият ба роҳ монд.
Аз нимаи дуюми моҳи март Консулгарии генералӣ ба ҳалли таъҷилии масъалаҳое пардохт, ки ба вазъияти пешоянда иртибот доштанд. Аз ҷумла, Консули генералӣ бо роҳбарияти Сарраёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни судӣ оид ба Санкт-Петербург мулоқот намуда, масъалаи фавран ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандонеро пеш гузошт, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд. Дар натиҷа ҳуҷҷатҳои 21 нафар омода гардид ва онҳо бо ҳавопаймои охирине, ки 19 март ба Душанбе парвоз кард, фиристода шуданд.
Ҳамчунин 68 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (ЦВСИГ) шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Вологда нигоҳ дошта мешуданд ва 3 кӯдак, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаи давлатии буҷавии хизматрасонии иҷтимоии паноҳгоҳ барои кӯдакон “Транзит”-и шаҳри Санкт-Петербург нигоҳ дошта мешуданд, тавассути шаҳри Москва бо рейсҳои чартерӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Инчунини 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Вологда нигоҳ дошта мешуд, бо дархости Консулгарии генералӣ озод карда шуд ва ӯ бояд мустақиман ҳудуди Россияро тарк намояд.
Консулгарии генералӣ вобаста ба талаботи кишвари будубош баргузории ҳамаи чорабиниҳои ҷашнӣ ва идонаро лағв намуда, робитаро бо ҳамватанон тариқи телефони доимамалкунанда (hotline) фаъол намуд. Муассисаи консулӣ дар қиёс бо бисёр идораҳо дарҳои худро набаст ва бо риояи талаботи ҳифзи саломатӣ шаҳрвандон қабул карда мешуданд.
Вобаста ба паҳншавии коронавирус ва эълон гардидани маҳдудиятҳо дар кишвари иқомат, аз ҷумла, эълон шудани рӯзҳои ғайрикорӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон мушкилоти зиёд эҷод карданд, бисёриҳо бекор монданд.
Ситоди ҳамешаамал
Ба мақсади ҳалли проблемаҳои ҳамватанон дар назди Консулгарии генералӣ дар аввали моҳи апрел ситоди доимамалкунанда таъсис дода шуд. Ситод таҳти роҳбарии Консули генералӣ фаъолият карда, ба он раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик Фарҳод Бердов, роҳбарони иттиҳодияҳои ҳамватанон ва соҳибкорон шомил буданд. Бояд зикр кард, ки ин ташаббус аз ҷониби соҳибкорон дастгирии васеъ пайдо кард. Ситод ба ҳамватанони ниёзманд, аз ҷумла занони бесарпарасту хонашин, муҳоҷирони бекормонда ва донишҷӯён кӯмаки моддӣ расонид. То имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ба зиёда аз 1000 оила (бештар аз 3000 нафар) ва 90 донишҷӯи тоҷик ва 343 мактаббача (фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон) кӯмаки моддӣ (маводи хӯрока) расонида шуд. Дар ҳолати муроҷиат намояндаи ситоди доимамалкунанда маводи хӯрокаро ба нишонии ниёзманд бурда мерасонанд.
Ба ғайр аз ин ҷамъияти тоҷикони вилояти Новгород таҳти роҳбарии раиси он Довуд Ғафуров бо дастгирии соҳибкорони тоҷик дар шаҳри Великий Новгород корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Онҳо ба 1200 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси ин шаҳр, ки дар хобгоҳҳо зист доштанд, аз ҷумла қариб 60 донишҷӯи тоҷик кумаки моддӣ (маводи хӯрока) расониданд. Ба донишҷӯён - шаҳрвандони Тоҷикистон ду-се маротиба кумак расонида шуд. Ба қариб 50 оилаи серфарзанди тоҷик маводи ғизоӣ тақсим карданд. Онҳо бо маслиҳати маъмурияти шаҳр ба беш аз 10 оилаи мардуми таҳҷоӣ – пиронсолон кумаки ғизоӣ расониданд.
Гузашта аз ин, соҳибкорони бозорҳои “Салово” ва “Сенная”, базаҳои меваву сабзавоти “Софийская” ва “Калининская” ба ҳамватанон дар шакли маводи ғизоӣ кумак расониданд. Саҳми соҳибкорони алоҳидаро махсус қайд кардан зарур аст. Соҳибкор Абдусаттор Алиев аз рӯзҳои аввал барои фаъолияти ситод кумаки ҷиддӣ расонид, ғайр аз ин чандин муҳоҷири бекормондаро ҷойи зист дода, бо ғизо таъмин мекард, то расидани рӯзҳои беҳтарро интизор шаванд. Соҳибкори дигари мо, узви ситод Аҳтамбек Маҳмадов чандин муҳоҷири бекормондаро дар ин давраи мушкил ба кор таъмин намуд. Соҳибкор Ҷаваршо Комилов бо мошинҳои борбари худ бори қариб теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷикро бидуни гирифтани харҷи роҳ ба ватан фиристод. Чунин мисолҳо, ки бозгӯи олиҳимматию ватандӯстию савобҷӯии ҳамватанони мо ҳастанд, бисёранд.
Бекорӣ, коронавирус ва мушкилоти фазоянда
Дар ин давра зиёда аз 80 нафар дар сохтмонҳои шаҳри Санк-Петербург, 3 нафар ҳачун боғбон ва 10 нафар занон дар сехҳои дӯзандагӣ бо кор таъмин карда шуданд.
То имрӯз дар қаламрави Санк-Петербург 153 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коронавирус гирифтор шуданд, 140 нафари онҳо табобат ёфтанд, 4 нафар дар беморхона қарор доранд, 9 нафар фавтиданд.
Пас аз қатъ шудани парвози ҳавопаймоҳо Консули генералӣ бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон маслиҳат намуд, ки вобаста ба паҳншавии вабо теъдоди фавтидагон метавонад афзоиш ёбад ва онҳоро дар ҳамин ҷо ба хок супоридан зарур мешавад. Ин пешниҳод дастгирӣ ёфт ва аз охири моҳи март то имрӯз дар қитъаи мусулмонии қабристони “Белоостровск” 18 маит дафн карда шуд. 9 нафари дигар, ки аз коронавирус фавтиданд, дар қабристонҳои “Колпино” ва “Ломоносов” ба хок супорида шуданд. Ҷасади 13 нафар тавассути рейсҳои чартерии ҳавопаймо ва автомашинаи махсус тавассути шаҳри Москва ба Тоҷикистон фиристода шуд. Дар сардхонаҳо 2 ҷасади дигар нигоҳ дошта мешавад. Аз рӯи маълумоти мо дар ҳамин давра – аз охири моҳи март то имрӯз дар минтақаи мо ҳамагӣ 45 кас вафот кард, ки дар қиёс ба давраи то коронавирус хеле зиёд аст. Қаблан дар як моҳ 4 ё 5 кас вафот мекард, ки ҳамагӣ ба ватан фиристода мешуданд. Дар ин маврид бояд зикр намуд, ки ҳиссаи ҳамватанон барои фиристодани фавтидагон ё дар ин ҷо гуручӯб намудани онҳо бисёр калон аст. Гуруҳи махсус бо роҳбарии соҳибкор Бурҳон Муҳиддинов амал мекунад ва ҳамаи масъалаҳоро аз ҳуҷҷатгузорӣ сар карда, то ба ҷо овардани расму оини мусулмонӣ нисбати фавтида (шустану кафан кардан, намози ҷаноза), ҷамъоварии маблағ барои хароҷоти зарурӣ ҳал менамояд. Дар ин рӯзҳои душвор вазнинтарин самти корӣ ҳамин буд, ки Бурҳон Муҳиддинов ва ҳамроҳонаш онро саривақтӣ ва дилпурона пеш бурданд.
Албатта, мубориза бо коронавирус давом дорад, лекин давраи мушкилу ҳаросафкани он паси сар шуд ва он барои ҳамватанон имтиҳони ҷиддие гардид. Хушбахтона, ин тифоқию ҳамбастагӣ имкон дод, ки мукилиҳои пешомада осонтар паси сар шавад.