То рӯзи 19-уми июни соли 2020 дар саросари олам 8 миллиону 578 ҳазору 283 нафар ба коронавируси Covid-19 сироят ёфтаанд. Дар ин омор гуфта мешавад, ки танҳо шабонарӯзи гузашта дар олам 47 433 нафар гирифтори ин вирус шуданд.Аз оғоз то ба имрӯз аз Covid-19 дар кулли мамолики дунё 456 286 нафар фавтиданд ва шабонарӯзи сипаришуда 2 ҳазору 314 нафар бар асари ин беморӣ даргузаштанд.
Омори расмӣ мегӯяд ҳоло дар бемористонҳои дунё 54 ҳазору 620 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд ва бо вируси корона дастбагиребонанд. То 19-уми июни соли равон 4 миллиону 530 ҳазору 266 нафар муолиҷа шудаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми дирӯз хабар дод, ки шумори гирифторон ба вируси корона дар Тоҷикистон ба 5 ҳазору 292 нафар расидааст. Гуфта мешавад, ки аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 18 июн 5279 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидаанд. Манбаъ гуфт, ки то кунун дар мамлакат 3762 (71.2%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.