Сухан аз фаъолияти консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург меравад. Консули генералӣ дар ин минтақаи калони Россия Зафар Сайидзода – олиму донишманди шинохта, ки 17 феврали соли равон ба ин вазифа таъйин шуд, зарфи ҳудудан се моҳе, ки оламиён бо КОВИД-19 дастбагиребонанд ва ин вируси кушанда саросари Россияро низ фаро гирифтааст, корҳои шоистаеро ба нафъи муҳоҷирини дар карантинмонда анҷом додааст. Зафар Сайидзода бо ҳамкоронаш - бо истифода аз ҳама имконоти мумкин - талош кардааст кумакҳоро ба муҳоҷирин басич кунад ва аз гузоришаш пайдост, ки дар ин Консулгарӣ як шабакаи муташаккили ёриҳо ба ҳамватанон шакл гирифтааст. Консулгарӣ ҳама роҳу воситаҳоро истифода кардааст, то тавонад бештар аз вазъи воқеии ҳамватанон дар ҷараён бошад. Се рӯз пеш аз Зафар Сайидзода хоҳиш кардем барои сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корҳои анҷомшуда дар даврони буҳрони коронавирус ҳикоят кунад. Ҷаноби Консули генералӣ бо камоли майл ин гузоришро ба мо ирсол карданд, ки дар ин иртибот изҳори сипосаш мекунем.
Иртиботҳои шабакавӣ
Ба хотири такмил додани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар тамоми ҳавзаи консулӣ Консули генералӣ ҳар рӯз бо онҳо дар тамоси телефонию смартфонӣ буда, ба хотири роҳнамоии роҳбарону фаъолони ин ташкилотҳо дар замимаи “Вотсап” чатҳои гурӯҳиро бо унвони “Диаспора” ва “Соҳибдилон” таъсис дод. Маҷмӯи масъалаҳои мубрами соҳаи кор бо ҳамватанон ва кумаку мусоидат ба онҳо дар шароити буҳрони коронавирус дар машварати онлайнии Консули генералӣ бо роҳбарону фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни ҳавзаи консулӣ аз таърихи 13 майи соли 2020 мавриди мубодилаи афкору тасмимгирӣ қарор дода шуд. Дар ҷараёни ҷаласаи онлайнӣ аҳамияти дубора фаъол намудани Шӯрои машваратӣ дар назди Консулгарии генералии Екатеринбург дар сатҳи нав, бо назардошти хусусиятҳо ва вазифаҳои давраи мубориза бо густариши коронавирус таъкид гардид. Роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик ба Консули генералӣ дар бораи корҳое, ки оид ба расонидани кумаки иҷтимоӣ ва моддӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар ҳамватанон, ки дар шароити паҳншавии коронавирус ба мушкилоти гуногун дучор омадаанд, маълумот доданд. Зикр гардид, ки ҳеҷ як ҳамватане, ки гирифтори коронавирус аст, ё хешовандон ва наздикони шахсони аз ин беморӣ фавтида аз таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхорӣ дур намемонанд. Таваҷҷуҳи вижа ба пурзӯр кардани кор дар байни донишҷӯёни Тоҷикистон, зарурати дастгирии иҷтимоии онҳо ва амсоли инҳо равона шуд.
Китобхонаи электронӣ дар сомонаи консулгарӣ
Ба мақсади мусоидат ба худомӯзии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ва дигар ҳамватанон дар сомонаи интернетии Консулгарии генералӣ дар моҳи апрели соли 2020 китобхонаҳои электронӣ таҳти унвони “Китобҳои муфид дар бораи Россия” ва “Нашрияҳо” таъсис дода шуда, аз ҷумла, шаклҳои электронии ду китоби дарсии “Таърихи Россия барои муҳоҷирони меҳнатӣ” бо забони русӣ, ки мураттибашон Консули генералӣ мебошад, манзури доираи фарохтарини хонандагон гардиданд.
Китобҳои тозанашр таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат –чароғи роҳи пешрафт”, “Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ”, “25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона (1992-2017г г.): исторические аспекты становления и развития”, “Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Эмомали Рахмон. О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан”, ки ба ҳаёту фаъолияти давлатӣ ва афкори сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, аз ҷониби муаллифу мураттибашон – Консули генералӣ дар ш.Екатеринбург - ба роҳбарону фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, донишҷӯёни тоҷикистонии ҳавзаи консулӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии машваратии назди Консулгарӣ тақдим гардиданд. Шакли электронии ин ва боз 27 китоби илмӣ-сиёсӣ ва илмӣ-таърихшиносии Консули генералӣ барои роҳбарону фаъолони диаспораҳои тоҷик ва теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷикистонии макотиби олии шомили ҳавзаи консулӣ (чор вилоят ва ду округи мухтор) дастрас карда шуд.
Ҳадафи ин иқдом тарғибу тавзеҳи масъалаҳои мубрами сиёсату дохилию хориҷии Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миёни ҳамватанони бурунмарзӣ, боло бурдани сатҳу савияи дониши онон ва бедор кардани завқашон нисбат ба китобхонию китобдорӣ мебошанд. Чунончи, китоби таҳлилии “Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ” мавзӯоти марбут ба гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва ба ин хотир - тавассути сиёсати босамари хориҷӣ - фароҳам овардани шароити мусоиди беруниро дарбар мегирад.
Иттилооти саҳеҳ ва хабарҳои носаҳеҳ
2 июни соли равон Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар минтақаи федералии Урали Россия дар шакли видеоконфронс машварат гузаронд. Зимни он силсилаи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ мавриди мубодилаи афкор қарор дода шуд. Бо пешниҳоди Консули генералӣ намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов сухан гуфта, диққати ҳозиринро - дар баробари дигар мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик - ба масъалаи паҳн гардидани ҳар гуна хабару гузоришҳои носаҳеҳ вобаста ба вазъи онҳо ҷалб намуд. Аз ҷумла мисоли мушаххас оварда шуд, ки давоми як моҳи охир дар барномаи хабарии Радиои «Озодӣ» 2 хабари нодуруст оид ба вазъи муҳоҷирон дар шаҳри Екатеринбург (27 апрел ва 24 майи соли 2020) пахш гардид. Дар хабари 27 апрел пахшкардаи «Озодӣ» қайд гардид, ки зимни амалиёти махсус кормандони полис муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро аз назди фурӯшгоҳи «4-ум пойгоҳ»-и сабзавоти шаҳри Екатеринбург барои надоштани қайд (регистратсия) ва патент боздошт намудаанд. Аммо зимни санҷиши ин ҳодиса дар маҳалли зикршуда маълум гардид, ки кормандони полис нафаронеро, ки низоми карантинро вайрон карда буданд, новобаста аз шаҳрванди кадом кишвар буданашон, боздошт ва ҷарима намудаанд. Дар хабари 24 май пахшкардаи «Озодӣ» навори кашмакаши як шаҳрванд бо кормандони полис дар назди бозори «Таганский ряд»-и шаҳри Екатеринбург намоиш дода шуд. Зикр шуд, ки, новобаста аз талаботи фармони Президенти Федератсияи Русия аз 18 апрели соли равон таҳти №274, кормандони полис муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳатто дар рӯзи Иди Фитр ҳам мавриди санҷишу таъқиб қарор додаанд. Вале баъди санҷиши ин хабар маълум гардид, ки кормандони полис барои дар давраи карантин бе ниқоб гаштугузор кардан ҳуҷҷатҳои як шаҳрванди Қирғизистонро мавриди санҷиш қарор додаанд. Ин нафар ба кормандони полис итоат накарда, кӯшиши аз дасти онҳо зӯран гирифтани ҳуҷҷатҳояшро кардааст. Ҳолати мазкур дар пеши чашми чанд нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст, ки метавонанд инро тасдиқ намоянд. Зикр шуд, ки агар чунин пойгоҳи хабарии серхонандаю бонуфуз ин гуна ахбори носаҳеҳ интишор намояд, пас аз он сомонаҳои фейкиву ашхоси тасодуфӣ чӣ ҷойи гила кардан аст.
Аз ин рӯ аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи фаъолияти худ дар саҳифаҳои ҷамъияташон дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ маълумоти дақиқ ба нашр расонанд ва ҳарчи бештар дар масъалаи таъмин намудани онҳо бо ҷойи кори доимӣ имкониятҳои худро фаъол намоянд.Дар идома зикр шуд, ки имрӯзҳо баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон ба хабарҳои нодуруст гӯш дода, бо мақсади сафар ба Ватан тавассути нақлиёти мошингард аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба мавзеъҳои гузаргоҳҳои сарҳадии байни Русия ва Қазоқистон мераванд ва баъди саргардониҳои чандрӯза дубора ба макони зисти доимии худ бармегарданд. Дар робита ба ин аз ҳама роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои минтақаи Урал тақозо шуд, ки байни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар чунин вазъи буҳронӣ оид ба масъалаи имкониятҳои сафар ба Тоҷикистон маълумоти дақиқро аз Сафорату консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия пурсон шаванд.