Вазорати тандурустииТоҷикстон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 81 нафари дигар чун сироятшуда ба вируси корона сабти ном шуданд ва теъдоди умумии мубталоён ба 4690 нафар расид. Ин манбаъ шумори шифоёфтагонро 2815 нафар эълон кард.
Дар хабаре, ки ҳамин лаҳза аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба даст расид, гуфта мешавад, ки то соати 18:00 дақиқаи 9 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4690 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2815 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 9 июни соли равон дар мамлакат 1124 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Аз таҳлили хабари мазкур бармеояд, ки то кунун 60 дарсади сироятшудагон дар кишвар шифо ёфтаанд.