Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то соати 17:30-и 3 июн дар кишвар 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус COVID-19 ошкор гардида, 56 дарсади онҳо (2347 нафар) шифо ёфтанд. Шумораи фавтидагон имрӯз 48 нафар эълон шуд. Манбаъ ҳамчуни н гуфт, ки то кунун 1463 нафар таҳти назорати духтурон қарор доранд ва дар шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дод, ки дорусози маъруфи тоҷик Сайидвалӣ Ҳикматов ба истеҳсоли нӯшдорӯ (балзам), равған ва маҳлули антисептикӣ оғоз карда, ба онҳо «Антиковид-19» ном мондааст.
Сайидвалӣ Ҳикматов дар суҳбат бо хабарнигорони АМИТ «Ховар» иброз доштааст, ки истифода аз ин нӯшдорӯ (балзам), равған ва маҳлули пошанда ҳолати беморони гирифтори COVID-19-ро сабук месозад, пеши роҳи сирояти одамонро аз ин вирус мегирад.
Тавре гуфта мешавад, духтурон ва дигар ашхосе, ки бо беморон сарукор доранд, агар бо маҳлули антисептикӣ (спрей) даҳонашонро коркард намоянд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад.
“Ховар” ҳамчунин истинод ба рӯзномаи “Садои мардум” хабар додааст, ки бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз нӯшдору ва маҳлули «Антиковид-19» истифода бурдаанд, дар ҳолати худ беҳбудӣ эҳсос намуданд. Ба қавли хабарнигори рӯзнома, ин нӯшдору ва маҳлул дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад.