Вазорати тандурустии Тоҷикистон охирин омори мубталоён ва муолиҷашудагон аз коронавирусро эълон кард. Дар хабари ин ниҳод гуфта мешавад, ки то соати 17:00 дақиқаи 2 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2217 нафар ё 54% шифо ёфтаанд. Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки аз КОВИД-19 дар Тоҷикистон 47 нафар фавтиданд.
Бино ба хабари расонаишуда то бегоҳии 2 июни соли равон дар мамлакат 1612 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 393 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст, ки Тоҷикистон барои эълони карантини саросарӣ ниёз надорад. Ҷамолиддин Абдуллозода, ки бо хабарнигори “Ҷумҳурият” суҳбат мекард, иброз доштааст, ки “дар кулли беморхонаҳое, ки барои табобати маризони Covid-19 махсус гардонда шуда буданд, чанд рӯз инҷониб шуъбаҳои дигарашон низ ба фаъолият сар карда, беморони пешинаро қабул карда истодаанд. Дар сурати устуворона коҳиш ёфтани суръати паҳншавии коронавирус, кам шудани қурбонии ин вабо ба карантини сахти саросарӣ оё ягон зарурат мемонад”?
Вазири тандурустии кишвар дар ҷойи дигари суҳбаташ дар мавриди фавти одамон бар асари коронавирус иброз доштааст: “Дар манзари фоҷиаи дигар кишварҳо, ки даҳҳою садҳо ҳазор шаҳрвандонашон қурбону гирифтори ин вабо мегарданд, рақамҳои мо ба назар намоён нестанд. Тавре шумо дуруст қайд кардед, воқеан ҳам, фавт аз ин маризӣ торафт кам мешавад. Лекин шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторшуда мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем, ҳарчанд муборизаи шадид барои ҳаёти ҳар як бемор мекунем. Ҳамон вақте ки дар муқобили сатҳи фавт рақами сифр сабт шуд, танҳо ҳамон вақт ман кори худро ҳамчун вазир мусбат ҳисоб мекунам”.