Вазорати тандурустии Русия гуфтааст, ки санҷиши доруи нави зидди короновирус бо номи “Авифавир” 90 дарсад самаровар буд. “РИА Новости” истинодан ба ҷонишини Директори Маркази пажӯҳишҳои миллии Вазорати тандурустии Русия Владимир Чуланов хабар додааст, ки аввалин озмоишҳо нишон доданд, ки доруи нав то 90% барои шифои беморони гирифтори коронавирус самаровар буд.
Чуланов ҳамчунин гуфтааст, ки таҳқиқоти доруи нав қарор аст бо ҷалби 330 бемор оғоз шавад ва 188 бемор аз ҳоло шурӯъ ба озмоиши дору кардаанд.
30 – уми май хабар дода шуд, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи зидди КОВИД-19-ро, ки Хазинаи сармоягузориҳои мустақими Русия ва ширкати ХимРар” истеҳсол мекунанд, пазируфт.
То кунун дар ҷаҳон чанд намуди доруҳо ва воксанҳои нав санҷида шуданд. Ахиран Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз санҷиши чанд намуди воксани зидди коронавирус хабар дода буд. Чин ва Русия низ дар бораи воксанҳои самаровари худ иттило дода буданд. Вале то кунун ягон кишвари олам доруи хос барои муолиҷаи КОВИД-19 ва ё воксани таъсиргузори онро насохтааст. Ҳама хабарҳо танҳо дар бораи озмоишҳо мераванд, ки гоҳ муваффақанд ва гоҳе на.