То соати 18:00 дақиқаи 1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4013 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус - COVID-19 ошкор шуда, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2089 нафар шифо ёфтаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод. Бино ба хабари манбаъ шумори фавтидагон щамон 47 нафар боқӣ мондааст.
Манба хабар дод, ки зарфи як шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати нави сироя ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд.
Гуфтанист, ки то 1 июни соли равон дар мамлакат 1814 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 201 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Дар гузориши ин ниҳод ҳамчунин мехонем: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.
Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Ягонагиву якпорчагии миллат гарави аслии муваффақият дар мубориза бо коронавирус аст.
Зимнан таъкид мекунем, ки сокинони мамлакат танҳо ба ахбори расмӣ такя кунанд ва ба ҳар гуна овозаҳо дар мавриди афзоиши сафи беморон ё хабарҳои дигар бовар нанамоянд.
Вазорати тандурустии кишвар ҳар бегоҳ омори шабонарӯзиро дар мавриди мубталоён, шифоёфтагон ва фавтидагон интишор медиҳад.