Сарвазири Арманистон ҳам мубталои коронавирус шуд

Дар ин бора худи Нахуствазир Никол Пашинян дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.  Дар навори кутоҳи видеоӣ, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ мечархад, Пашинян мегӯяд, ки ҳарчанд нишоне аз ин беморӣ дар вуҷудаш эҳсос намешуд, вай хост тест супорад, зеро рӯзҳои оянда ният дошт аз қисмҳои ҳарбии кишвараш дидан кунад, бо сарбозону афсарон мулоқот дошта бошад.

Сарвазири Арманистон мегӯяд на танҳо ӯ, балки кулли аъзои хонаводааш ба ин маризӣ печидаанд. Онҳо низ бе ягон нишон ва баланд шудани ҳарорати бадану дигар нишонаҳо мубталои ин вирус шудаанд.

"Ҳоло мо ҳама дар хонае худро карантин кардаем, ман дар хона мемонам ва аз хона кор мекунам. Ин ҷо ман ин гуна шароит дорам”,-мегӯяд сарвари Арманистон.

Пашинян тахмин мекунад, ки вай аз пешхизмате дар ҷараёни як ҷаласа ба коронавирус сироят шудааст. "Ман мушоҳида кардам, ки вай бе дастпӯш кор мекунад, эрод ҳам гирифтам, вале гумон мекунам вай пештар ҳам бе дастпӯш кор мекард. Ва ин пешхизмат ҳам ташхис шуд, дар ҳақиқат мубталои коронавирус буд”, - нақл мекунад сарвазири Арманистон.

ВВС, ки ин хабарро интишор дод, боз навишт: Тибқи иттилои Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинс ҳоло дар Арманистон 9 ҳазору 282 нафар гиифтори КОВИД-19 мебошанд.

барчасп: