Резаахбори ин соат: Чаро мо ҳамеша тифлонро беназорат мегузорем?

Дирўз ҳам дар ин бора хабаре доштем. Ноболиғон аз фориғболии волидон ва ё бетаваҷҷуҳии онҳо қурбонии офатҳо ва рўйдодҳои нохўш мешаванд. Дирўз аз ғарқи об шудани ду ноболиғ - яке дар ноҳияи Восеъ ва дуюм дар Рашт хабар дода будем. Ва имрўз ҳам якчунин ҳодисае дар рустои Аличури ноҳияи Мурғоб иттифоқ уфтодааст. Ва боз ҳам метавон инро бепарвоии волидон номид. Агар девори шояд аз боришҳо осебпазиршуда сари вақт таъмиру тармим мегардид, имрўз аз ҳалокати як тифли сесола хабар намедодем. Аммо чӣ ин ҳодиса рух дод.

 

Марги як тифл ва захмӣ шудани навраси дигаре, ки дар Аличур зери девор монданд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттило дод, ки рўзи 29-уми май дар рустои Аличури ноҳияи Мурғоби ВМКБ девори ҳавлии як сокини ин деҳа чаппа шуд ва ду кўдаки соҳиби хона зери он монданд.

Дар натиҷа тифли сесола бо номи Абдурашид дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид ва Абдумалики 11-сола бо ҷароҳати вазнин ба бемористони вилоятии шаҳри Хоруғ интиқол дода шуд.

Сабаби афтиши девори ҳавлӣ маълум нест.

 

Ҷасади ноболиғи ғарқшуда дар дарёи Сурхоб пайдо шуд

Ҷасади Зулайхои 11-сола, ки шаби 27-уми май аз хона баромада бедарак шуда буд, нисфирўзии дирўз дар соҳили дарёи Сурхоб, дар деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор пайдо шуд. Баъди муайян кардани шахсияти ҷасад ўро ба волидонаш супурданд.

Маврид ба ёдоварист, ки шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00, ки дар ноҳияи Восеъ боди шадид мевазид ва раъду барқ осмонро гоҳ рушану гоҳ торик мекард,  сокини 11-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия  аз хона баромад ва дигар касе намедонист ӯ куҷо рафтааст. Волидонаш ҳадс мезаданд, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст. 

Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кулоб дар ҳайати 12 нафар ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳия ва сокинони деҳа сафарбар шуда буданд ва ҷустуҷӯи ӯро оғоз карданд. Вале ин кофтуков он рўз натиҷа надо два дирўз аз сари субҳ кофтуков оғоз гардид ва ҳоло ҷасад ба волидонаш супурда шудааст.