Поккориҳои рўзи ҷумъа, 29-уми май

Ҳамарўза дар қаламрави кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз авҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ ва коҳиш додани сирояти одамон ба ин вирус  бо истифода аз маводҳои кимиёвӣ кўчаву хиёбонҳо, идораву муассисаҳо, гулгашту боғҳои истироҳатӣ поку тоза карда мешаванд. Роҳандозии поккориҳо тибқи нақшаи аз қабл тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

Раёсати Душанбе: истифодаи 8000 ҳазор  литр маҳлули гипохлориди натрий дар поккориҳои рўзи гузашта

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ рўзи 29-уми майи соли равон як гурўҳи 10-нафараи безаргардонии зиддиэпидемиологии худро бо 3 мошин, 8 адад дорупошаки дастӣ ва 3 дорупошаки муҳаррикдор ба қаламрави ноҳияи Шоҳмансур сафарбар намуд. 

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сирояти СOVID-19 гурўҳи безаргардонии зиддиэпидемиологии Раёсат, дар ноҳияи Шоҳмансур дар  кўчаҳои Гостело, Ғалаба, А. Дониш, Атҳамов, Мирзо Ризо, Деҳлавӣ, Шедрина, Нисор Муҳаммад, Аттор корҳои безараргардониро ба роҳ монд.

Дар маҷмӯъ барои безараргардониӣ дар кўчаи зикргардида, 8000 ҳазор  литр маҳлули гипохлориди натрий масраф гардид.

 

Раёсати Суғд: Поккориҳо дар масоҳати 15450 м2

Рўзи  29 майи соли 2020 бо мақсади пешгирии бемории сироятии СОVID-19 аз ҷониби гурўҳи безараргардонии Раёсат ва бахши шаҳри Хуҷанд бо истифода аз дорупошакҳои муҳарикдор ва маҳлули гипохлориди натрий дар минтақаҳомухталиф  корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд.

Бино ба гузориши Раёсат дирўз кормандони бахши наҷот ва роҳандозии корҳои безараргардонӣ дар комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд ва  24  биноҳои 5 ошёна дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд, иборат аз 105 даромадгоҳ корҳои безараргардонӣ гузарониданд.  

Масоҳати умумии корҳои иҷрошуда 15450м2 ро ташкил дод.