Дар саросари кишвар корҳои поккориву беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус идома доранд. Чунончӣ, 20 майи соли 2020 дастаи кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе иборат аз 12 нафар бо 3 адад автомашина, 12 адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3 адад дорупошаки муҳаррикдор дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз кўчаи С. Айнӣ №1 то №73, шафати Коллеҷи омўзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи Давлатии омўзгории ба номи С. Айниро поккорӣ карданд.
Дар маҷмўъ барои безараргардонӣ дар кўчаи зикргардида 4000 литр маҳлули гипохлориди натрий сарф шуд.
Рӯзи 20 майи соли 2020 чорабиниҳои безараргардонӣ-дезинфиксионӣ бо иштироки ҳайати шахсии бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат, Хадамоти сўхторхомушкунӣ, Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, Хадамоти коммуналӣ, Шуъбаи дезинфексионӣ, ШВКД ва БДА-и ВКД дар шаҳри Ваҳдат бо истифода аз техникаҳои махсус дар маркази шаҳри Ваҳдат кўчаҳои У. Хайём, Хуросон, С. Айнӣ, Рўдакӣ, 20-солагии Истиқлолият, назди Беморхонаи марказӣ ва Бозори марказӣ корҳои безараргардонӣ анҷом доданд ва ҳамзамон як силсила корҳои таблиғотиро ҳам бо истифода аз наворҳои видеоӣ ва дигар воситаҳои аёнӣ миёни сокинон роҳандозӣ намуданд.
Рӯзи 20 майи соли ҷорӣ кормандони Шўъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кўлоб гирду атрофи биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои Офтобрўяи шаҳри Кўлоб, Шамсиддини Шоҳин ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кўлобро тавассути дорупўшакҳои дастӣ ва бо ҷалби 1-адад нақлиёти махсус бо маҳлули хлор пок намуданд.