Шояд метавон гуфт, ки дигар нигароние вуҷуд надорад, ки оқибати офати табии чанд рӯзи охир ва хисорати он дар ноҳияи Хуросон ба зудӣ бартараф мешавад. Кӯмакҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ва саховатпешагон ба минтақа сарозер мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии худро ба маҳалли офат сафарбар кардааст ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии муқими мамлакат кумакҳои лозимро ба сокинони осебдида расондааст. Вазъ ба эътидол меояд, сокинон аз ҷараёни корҳо қаноатманданд.
Бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар деҳаҳои Н. Асадулло, Хуросони ҷамоати С. Айнӣ аз ҷониби қувваю воситаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 нафар ҷалб гардида, корҳо дар ин самт идома дорад. То бегоҳи рӯзи 20-уми майи соли равон ҳудуди деҳаҳои мазкур 86 хона пурра ва 300 метр роҳи байни кўчаҳо аз лойю об тоза карда шуданд.
Ҳукумати ҶТ то кунун ба ҷуз маводи ғизоӣ, боз барои бартафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҳудудан 400 тонна семент, 74 тонна арматур, 3700 дона бомпӯш (шефир), 370 кубометр тахта ҷудо кард, ки ҳоло бо истифода аз ин масолеҳ корҳои барқароркунӣ дар авҷанд.
То кунун Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, ба монанди Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ (UNICEF), Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ба миқдори 12000-литр сўзишвории дизелӣ, 300 қутти маводи беҳдоштӣ, 300 адад зарфҳои обгирии 10 литра ва 100 000 қуттӣ доруворӣ барои безараргардонии оби нушокӣ ирсол ва миёни сокинони осебдида тақсим кард.
Дар баробари ин, аз тарафи хадамоти нақлиёт ва роҳ дар ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Гулистон дар роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта то 20 майи соли 2020 бо истифода аз 13 адад техникаҳои роҳсозӣ корҳои бартарафсозӣ гузаронида шуда, ҳаҷми корҳои умумии иҷрошуда 500 метрро ташкил дода, 1250 метри кубӣ роҳҳои фурӯрафта бо шағал пур карда шуданд, коркарди хок 4750 метри кубиро ташкил дод.
Аз тарафи хадамоти муҳофизат аз селҳо ва роҳандозии корҳои соҳилбандӣ, барқарорсозии қисмати раҳнашудаи шохаи рости ПК 623 ва барқарорсозии корҳои муҳофизатӣ дар масофаи 0,6 км бо воситаи як адад эксковатор ва як адад мошини борбардор ба анҷом расонида шуд.
Инчунин, бо истифода аз 2 адад экскватор маҷрои шохаи рости канал аз ПК 657 то ПК 650 дигар карда шуда, 90 метр дар ҳаҷми 1020 метри кубӣ корҳо иҷро карда шудааст.
Ҳамзамон, тоза намудани заҳбурҳо, гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ аз атрофи беморхонаи минтақа дар деҳаи 18-ум Партсъезд, ҷамоати деҳоти С. Айнӣ 4 адад экскаватор вобаста шуда, корҳо дар ин самт идома доранд, айни замон 6 экскаватор барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ сафарбар карда шудааст.
Бо мақсади таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҷониби Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон шаҳраки хаймавӣ ҳамарўза 2 маротиба бо маҳлули безараргардонӣ поккорӣ мешавад, инчунин аз ҷониби хадамоти безараргардонӣ сару либос ва шуъбаи дезинфексияи ноҳия зиёда аз 40 хона ва кўчаю деҳаҳо тоза карда шуданд.