Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ кормандони Кумита суҳбатҳо дар мавриди коронавируси КОВИД-19, ки дар олам паҳн шудаву миллионҳо нафарро дар қабзаи тарсу ҳарос нигоҳ медорад, роҳандозӣ намуданд.
Дар ин дидору муқотҳо ба хизматчиёни ҳарбӣ дар бораи пайдоиши ин вирус ва густариши он дар олам, чораҳои пешгирӣ барои сироят наёфтан, нишонаҳои аввалин ва муроҷиат ба табибонро ва ғайраро фаҳмониданд.
Баромадкунандагон бештар дар бораи шартҳои асосии мубориза бо ин беморӣ ҳарф заданд ва аз ҷумла дар мавриди риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим нақл карданд.
Дар мулоқотҳо мутахассисон аз аёниятҳо, видеороликҳо истифода карданд. Ширкаткунандагон бошанд, имкон доштанд ба ҳама суолҳои худ дар мавриди ин беморӣ ва тадбирҳои пешгирӣ ҷавбҳои мушаххас дарёфт кунанд.