Оқибатҳои сели рӯзҳои охир, ки ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон бахше аз хоҷагиҳои ноҳияи Хуросон зарар расонда буд, тадриҷан бартараф мешаванд. Дар хабарҳои гузашта мо аз ҷараёни ирсоли кумакҳо ба сокинон ва коҳиши мушкилоташон навишта будем. То кунун Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, ба монанди Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ (UNICEF), Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ба миқдори 10000 (даҳ ҳазор) литр сӯзишвории дизелӣ, 300 бастаи беҳдоштӣ, 300 зарфҳо (10 литра) барои оби нушокӣ, 100 000 қуттӣ доруворӣ барои безараргардонии оби нушокӣ ирсол ва миёни сокинони осебдида тақсим кард. Зарфи шабонарӯзи гузашта бо ҷалби 1-адад экскватор дар деҳаи Н.Асадуллои ҷамоати деҳоти С.Айнӣ ба масофаи 60 метр заҳбуру заҳкаш тоза карда шуд.
Қаблан ҳам Кумита барои осебдидагон ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолати ба миёномад хаймаҳо, сӯзишвории дизелӣ ва техникаи махсус барои роҳандозии корҳои поксозӣ ирсол карда буд. Ғайр аз ин хизматчиёни ҳарбии КҲФ дар корҳои тоза кардани маҳалҳо аз лойу лойоба ва таҳхонаи сокинон фаъолона ширкат доранд.
Инчунин аз тарафи хадамоти нақлиёт ва роҳи вилояти Хатлон бо ҷалби 7-адад мошини боркаши тамғаи Камаз, 1-адад автогрейдер, барои барқарор намудани роҳи мошингузари байни деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти С.Айнӣ ва деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ сангу шағал кашонида шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳароратсанҷ, (термометр), ниқобҳо, либосҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо махсус, модаҳои антисептикӣ, 300 халта орд, 300 халта биринҷ, 300 адад равғани рустанӣ (ҳар кадом бо ғунҷоиши 5 литр), 600 қуттӣ макарон (ҳар кадом 3 кг), 300 халта пиёз, 300 халта сабзӣ, 300 халта картошка кӯмак расонид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ба осебдидагон қолин, курпача, курпа, болишт,орд, шакар, равғуни рустанӣ кўмак расонид.Ҳамчунин соҳибкорони маҳаллӣ ба аҳолии осебдида маводи ғизоӣ кумак мерасонанд.
Вазъ дар ноҳия муътадил аст, минтақаҳои селомад зери назорат гирифта шудаанд. Корҳои барқарорсозии паёмадҳои офати табиӣ бо ширкати хизматчиёни ҳарбии КҲФ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ идома доранд.