Зарфи чаҳор рӯзи гузашта аз марги чаҳор нафар дар обҳои кишвар иттило расид. Ду нафар ғарқоби селҳои харобкор шуданд. Яке ҷони ҷавонашро ба дарёи Сурхоб андохт ва худкушӣ кард. Чорумӣ, ки навраси 13-сола аст, аз бэҳтиётӣ дар рӯди Ғунд сарнагун шуд ва ҷасади ӯ ҳамоно пайдо нашудааст.
Ба назар мерасад боронҳои шадид аз шиддат бозмонданд. Зарфи як ҳафта харобиҳои зиёде ба хоҷагиҳо ва рӯзгори мардум расид. Дар ин рӯзҳо ду нафар ғарқоби селҳо шудаву ҷони худро аз даст доданд. Аввалин қурбонии сел дар ноҳияи Хуросон буд. Марди 55-сола бар асари як беэҳтиётӣ дар гирдоби сели пурхурӯш монд ва ба ҳалокат расид.
Рӯзе баъд боз ҳам дар ҳамин ноҳия як марди баркамоли 65-сола мехост дар телефони дастӣ селро наворбардорӣ кунад. Аммо аз ибтидо барои ин кор омодагӣ надошт, амнияти худро фикр накард ва пояш лағжиду ба умқи беш аз 20 метр фурӯ рафт.
Баъди кофтуковҳои бенатиҷа мардум ва пайвандонаш ба ин натиҷа расиданд, ки чун ин мард дар лойқа рафт, дигар ҷустуҷӯ накунанд ва ҷанозаашро дар ҳамон маҳал бихонанд.
Рӯзи 16-уми май сокини 22-солаи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аз пули мошингузари мавзеъи Сари Пул худро ба оби пурталотуми Сурхоб андохт ва ба ҳалокат расид.
Ба ҷои ҳодиса дастаи зудамали наҷоти Кумита дар ноҳияи Рашт сафарбар шуд ва то соати 17:15 дақиқа масофаи 30 киллометрро кофтанд, аммо ҷасад пайдо нашуд. Корҳои ҷустуҷӯ рӯзи 17-май аз сар гирифта шуд. Мавҷи об ҷасади ӯро беш аз 30 километр бурда ва дар маҳалле бо номи Мазори Хоҷа Абдуллое Валӣ, воқеъ дар ноҳияи Нуробод партов кардааст. Ҷасади марҳум ҳоло ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуда, тафтиши сабабҳои ин худкушӣ оғоз шудааст.
Рӯзи 15-уми май тахминан соати 16:20 дақиқа сокини 13-солаи ҷамоати шаҳраки Шоҳтемури шаҳри Хоруғ аз беэҳтиётӣ ба дарёи Ғунд сарозер мешавад ва ғарқ мегардад. Баъди дарёфти хабар имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд. Дар натиҷаи корҳои ковтуковӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони Раёсати вилоят то соати 19:20 дақиқа идома ёфта, ҷасади номбурда дарёфт нагардид ва бо торик шудани ҳаво наҷотдиҳандагон корро қатъ намуданд. Рӯзҳои 16 ва 17-уми май корҳои ҷучтуҷӯи ҷасад аз сар гирифта шуданд, вале ҳамоно он нопайдост.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба огоҳии сокинони кишвар мерасонад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш худро эҳтиёт кунанд. Аз чор ҳодисаи номбурдашуда се ҳодиса бар асари беэҳтиётӣ сар задаву дар ду ҳолат мардони баркамоли 55 ва 65-сола ҷон бохтаанд. Дар як ҳодиса наврасе, ки шояд беназорат мондааст, дар оби рд сарозер шудааст. Дар ҳодисаи ахир ҷавоне даст ба худкушӣ задааст. Чун сабабҳои он таҳқиқ мешавад, мо чизе дар ин бора намегӯем. Вале Кумита аз сокинон хоҳиш мекунанд ҳамеша назоратгари ҳоли худ бошанд ва дар айёми селу боронҳои пуршиддат ҷони худ ва пайвандони хешро дар хатар нагузоранд.