Баъд аз зуҳри дирӯз, 15-уми майи соли равон, тахминан соати 15:45 дақиқа як сокини 65-солаи деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон ҳангоме мехостааст бо телефони дастӣ ҷараёни омадани сел ва борони пуршиддатро наворбардорӣ кунад, ба умқи 25-30 метр фурӯ рафтаву зери лой монда, ба ҳалокат расидааст. Ба ҷои ҳодиса сардори бахши ноҳия, наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ва хешу наздикони фавтида ҳозир шуда корҳои ҷустуҷӯиро оғоз намуданд. Ҷасади марҳумро то соати 22:00 ҷустанд вале натиҷа надод.
Корҳои ҷустуҷӯ имрӯз аз сар гирифта шуданд. Хабари муфассал аз ҷараёни ин ҷустуҷӯ нашр хоҳад шуд.
Гуфтанист, ки зарфи ду рӯзи охир ин дуюмин қурбонии сели харобиовар дар ноҳияи Хуросон мебошад. Рӯзи 14-уми май ҳам як марди 55-солаи ин ноҳия ногаҳон дар ҷараёни сел афтод ва натавонист худро наҷот диҳад ва ба ҳалокат расид.
Аксари ин қурбон шуданҳо бар асари беэҳтиётӣ рух медиҳанд. Марди солманде, ки ҳоло ҷасадашро меҷӯянд, мехост наворбардорӣ кунад, вале надид, ки ҷойи исти ӯ ба амнияти худаш хатар оё надорад? Фурӯ рафтан ба умқи беш аз 20 метр хеле сахту мудҳиш аст. Дар ҳоле, ки сели азим ба мисли бало ҳар чизе сари роҳаш аст, дар гирдоби худ мепечад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, дар чунин ҳолатҳо дар ғами таъмини амнияти худ ва атрофиёни худ бошанд.