Як қурбонӣ дар селҳои рӯзи гузашта. Роҳҳои шустаи сел, пулҳои хароб. Оқибати офат барқарор мешавад

Сели азим дирӯз дар ноҳияи Хуросон ҷони як марди 55-соларо гирифт. Дар баъзе манотиқ хонаҳо зери об монданд, роҳҳо вайрон, пулҳо хароб гардиданд. Ба хоҷагии халқи кишвар зарар расид, ки дар айни замон ҳаҷми он ҳисоб мешавад. Вале муқаддамтар аз ҳама оқибати ин офати табиӣ бояд бартараф карда шавад.

Борони шадид боиси омадани сел ва боло рафтани сатҳи об дар дарёи Кофарниҳон шуд ва ин боис гардид, ки масофаи 500 метр кӯчаи Ғалаба, воқеъ дар соҳили чапи дарё шуста шавад,  150 – 200 метр роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, 3  манзили истиқоматӣ, ки дар наздикии соҳил бунёд шуда буданд, хароб гарданд ва ҳоло ин харобӣ манзили се сокини дигари минтақаро ҳам таҳдид мекнуад.  

 Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ваҳдат дар мавриди бартарафсозии ҳолати фавқулода талошҳои худро оғоз кардааст. Сари вақт сокинони манзилҳои харобшуда ба ҷойи амн, яъне ба хонаҳои хешу таборашон  кӯчонида шуданд. 

Ҳамчунин борони пуршиддат сабабгори он шуд, ки сатҳи оби рӯди Элок дар ноҳияи Файзобод боло равад ва сел дар соҳили чапи дарё, дар рустои Кабкрез харобиҳо орад. Пули мошингузари маҳаллие, ки деҳаи Кабгурез ва деҳаи Навбаҳорро бо ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев мепайвандад, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ҳоло равуои нақлиёт ва одамон дар ин мавзеъ қатъ гардида, рафту омад бо тавассути маркази ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев бо пули мошингузари деҳаи Ҷонварсӯз ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, аз болои деҳаи Сурхдараи ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев селпарто мегузарад, ки дар натиҷаи боронҳои зиёд ва омадани сел аз кӯҳпораҳо, селпартои мазкур аз сангу шағал пур шуда, ба 3 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон сангу шағал ворид кардаву зарар расондааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Файзобод даст ба бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ задааст.   

Инчунин, рӯзи 14-уми май, қарибиҳои аср дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ, С.Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боронҳои пуршиддат ва давомдор сел омада, ба як қатор хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонидааст. Бар асари омадани сели азим як сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Пахтаобод ба ҳалокат расидааст.   

Ба ҷои ҳодиса фавран 15 нафар кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо роҳбарии сардори Раёсат сафарбар гардида ба аҳолӣ ёрии амалии худро расонидаанд.

 Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон оид ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дошта, миқдор ва маблағи зарар муайян карда шуда истодааст.

Шарҳи муфассал баъдан нашр мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои ноустувор дар саросари Тоҷикистон то рӯзи 19-уми май боқӣ мемонад. Дар натиҷаи гарм шудани дамои ҳаво ва бориши боронҳои пайваста барфи кӯҳҳо об мешаванд ва ин метавонад боиси ковокии хок гардад ва сабабгори рониши замин низ дар баъзе минтақаҳо шавад. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо метавонад сабабгори он гардад, ки заминҳои наздисоҳилӣ зери об монанд. 

Боришҳои пайваставу шадид метавонанд хатари лағзиши тарма, сел ва резиши сангро афзун намоянд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд, корҳои саҳроро мутаваққиф кунанд, чорворо дар хона нигоҳ доранд, ба шикоргоҳ нараванд.

Дар ҳоли ба миён омадани ҳолати фавқулода ва ё рӯйдоди нохӯш бо  телефонҳо Қисми навбатдории КҲФ хабар диҳанд:

 93 880 28 19;

 221-91-19;

223-13-11.