Се куштаи як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Дирӯз, ҷумъа, 14-уми май соати 10:15 дақиқа дар километри 278-ум шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд - Чаноқ мошини тамғаи «ОПЕЛ ВЕКТРА», ки аз ҷониби Азимов Умарқул сокини дуҳаи гулистони ноҳияи Зафаробод идора мешуд, бо мошини тамғаи  «ОПЕЛ КАРАВАН» ронандааш сокини деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич бархӯрда, сабабгори марги се тан шуд.

Ҳангоми садама дар “Опел-вектра” 5 нафар дар сафар буданд ва 2 нафари онҳо ба ҳалокат расида 3 тани дигар ба бемористони маркази ноҳияи Спитамен бистарӣ карда шуданд.

Аз мусофирони мошини “Опел-Караван”, ки се нафар буданд, як нафарашон ба ҳалокат расид ва 2 нафарашон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен бистарӣ карда шудаанд.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд исми фавтидагон ва ҷароҳатдидагонро мушаххас кардааст. Инҳо:

 Фавтидагон:

  1. Азимов Субҳонқул Низомович, соли таваллуд 1982, сокини ноҳияи Зафаробод ҷамоати деҳоти Равшан, деҳаи Гулистон.
  2. Шарипова Ибодат Муқадасовна, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Зафаробод ҷамоати деҳоти Равшан, деҳаи Гулистон. 
  3. Норов Маҳмадшукур, соли таваллудаш 1949 сокини ноҳияи Деваштич  ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Басманда.

 

Ҷароҳатбардоштагон:

  1. Ронанда Азимов Умарқул, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Равшан, деҳаи Гулистон.
  2. Кучаков Илҳом, соли таваллудаш 1987 сокини ноҳияи Зафаробод ҷамоати деҳоти Равшан деҳаи Гулистон. 
  3. Кучакова Солиҳа, соли таваллудаш 1964 сокини ноҳияи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Равшан, деҳаи Гулистон. 
  4. Ронанда Ашуров Камолиддин соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Деваштиҷ,  ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Басманда.
  5. Маҳмудов Ҳотам соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Деваштич,  ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Басманда.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиа граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаводаҳои фавтидагони ин садамаи мудҳиш изҳори тасаллият мекунад.

Ҳамзамон бори дигар аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар талош кунанд қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд, ҷони худ ва ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.