Дар фоҷеаи рӯзи 10-уми май, ки дар рустои Курути ноҳияи Айнӣ рух дод, ду тифли ду ва яксола ба ҳалокат расиданд. Нимирӯзии рӯзи якшанбе хонаи сокини 31-солаи ин деҳа оташ гирифт. Бо талоши кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ ин сӯтор пурра хомӯш карда шуд. Вале мутаассифона аз фоҷиа ҷилавгирӣ нашуд.
Фарзандони соҳиби хона, ки яке дусола буду дуюмӣ яксола бар асари дуди ғализ дар ҷойи хобашон ба ҳалокат расиданд.
Мақомот мегӯянд як сабаби аслии сӯхтор бе назорат гузоштани асбоби барқӣ будааст. Аммо ҳоло мизони зарари расида ва иллати аслии сар задани сӯхтор аз ноқили барқ ё таҷҳизоти дигар дақиқ гуфта нашудааст.
Беназорат гузоштани ноболиғон, ба вижа кӯдакон сабабҳои мусибатҳои хонаводагӣ мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор дода буд, ки ҳамеша тифлони худро назорат кунанд. Дар ҳодисаи рӯзи гузашта агар назорати хонаводагӣ мебуд, ҳаргиз ин ду тифли ширхор қурбонии сӯхтори ногаҳонӣ намешуданд.