Да доираи татбиқи “Нақшаи амали Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба таҳкими чорабиниҳои зиддиэпидемии пандемияи короновирус COVID-19», ҳамчунин таъмини корҳои беҳдоштӣ, поксозии атроф кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб иншоотҳои иҷтимоӣ, идораву муассисаҳо, хонаҳои истиқоматиро бо истифода аз моддаҳои кимиёвӣ пок намуданд. Ҳамзамон миёни аҳолӣ корҳои таблиғотии зиддивирусиро ба роҳ монданд.
Дар ҷараёни роҳандозии корҳои поксозӣ наҷотдиҳандагон аз маҳлулҳои хлордор бо ёрии таҷҳизоти вижа истифода мебаранд.
Ҳамчунин дар рафти корҳои таблиғотӣ ба шаҳриён варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.