Короновирус саросари Чинро фаро гирифт. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бонги изтироб мезанад

Хабарҳои охир аз густариши короновирус: Мақомоти чинӣ гуфтаанд, ки вирус дар саросари ин кишвар мушоҳида шудааст. Созмони беҳдошти ҷаҳони тасмим гирифтааст, ки бори дигар дар мавриди ин вируси кушанда ташкили ҷаласа диҳад ва ҷаҳониёнро аз хатари  он бештар огоҳ созад ва бонги изтироб занад. Чин хуруҷи атбоъи хориҷӣ аз ин кишварро муваққатан ба таъхир андохтааст. Теъдоди кишварҳое, ки короновирусро кашф кардаанд, ба 16 расидааст. Шумори ҳалокшудагон бар асари ин беморӣ дар Чин аз 170 гузаштааст ва бештар аз 7 ҳазори дигар ба он мубтало шудаанд.

Субҳи имрӯз, панҷшанбе Федератсияи футболи Чин  эълон кард, ки ба хотири густариши  короно кулли мусобиқоти футбол дар саросари кишвар ва дар ҳама раддаҳоро лағв мекунад. Ҳадаф ҷилавгирӣ аз бештар паҳн шудани ин беморист. Комиссия вижаи беҳдошти Чин субҳи рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки вирус аз доираи як ё ду шаҳр берун рафтаву ҳоло дар кулли манотиқи кишвар мушоҳида шудааст.

Далати Чин ҳам расман аз мубталои ин беморӣ шудани бештар аз 7 ҳазор нафар хабар дод ва гуфт, ки то кунун 170 нафар фавтиданд. Аммо ин омор метавонад ҳар соат дигар шавад, чун шумори мубталоён ба шиддат меафзояд.

Аксари шаҳрвандони кишварҳои дигаре, ки ба вируси коронои чинӣ сироят шуданд, афроде будаанд, ки бевосита ба шаҳри Вуҳон иртибот доштаанд.

Дар ҳамин ҳол гузориш дода шудааст, ки шуморе аз кишварҳои олам барои интиқоли шаҳрвандонашон аз Чин ҳавопаймо фиристодаанд. Аммо Британияи Кабир гуфтааст, ки то субҳи рӯзи панҷшанбе Чин иҷозаи парвоз ба ҳавопаймои британиёиро надодааст.

Пизишкони чинӣ ибрози назар кардаанд, ки давраи булуғи вируси короно шояд то 14 рӯз бошад ва муддати ин ду ҳафта дар шахси сиятёфта нишонаҳои он ошкор намешавад. Вале сироятшуда бехабар онро ба каси дигар интиқол дода метавонад.

Давлати Британияи Кабир хабар дод, ки шаҳрвандони аз Чин баргаштаи худро муддати ду ҳафта дар карантин нигоҳ хоҳад дошт. Австралия ва Фаронса низ ба пазириши шаҳрвандони худ тақрибан ҳамин гуна омодагӣ доранд.

Дар саросари Чин корфармоён ба он коргарони худ, ки ахиран аз вилояти Ҳубӣ баргаштаанд, дастур додаанд, ки аз вуруд ба коргоҳ муддате худдорӣ кунанд.

 Дар ҳамин ҳол вазорати беҳдошти Чин иттило дод, ки теъдоди ҳалокшудагон назар ба мубталоёни  вируси СОРС дар соли 2010 камтар аст, аммо омили ин беморӣ босуръат меафзояд ва шумори сироятёфтагон зиёд мешаванд.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба густариши ин беморӣ мавзуъи эълони вазъи изтирории байналмилалиро барарсӣ хоҳад кард.

То кунун ин вирус роҳи муолиҷаи ягона надоштааст ва талошҳо барои пайдо кардани воксан ҳам ҳамоно бенатиҷа идома дорад.

барчасп: