Ширкати байналмилалии IRS аз боз шудани роҳи “Душанбе-Чаноқ” хабар дод (ВИДЕО)

Ширкати байналмилалии IRS аз боз шудани роҳи Душанбе – Чаноқ хабар дод. Чанд лаҳза пеш дар саҳифаи ин ширкат дар Фейсбук иттилои боз шудани роҳи тармазада пахш гардид. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Таваҷҷуҳ! Чанд дақиқа қабл, баъд аз тоза кардани роҳ аз барф ва бартарафсозии тармаҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истиснои автомобилҳои притсепдор аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ имконпазир гардид”.

Тавре қаблан хабар дода будем, тибқи маълумоти дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамакнун ба сурати навбатдории шабонарӯзӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳузур доранд, соати 05:00 бар асари бориши барфи шадид дар километрҳои  50-54-уми шоҳроҳи ёдшуда лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Ҳамзамон бо ин роҳи мазкур соати 05:00 аз ду ҷониб баста шуд. Лағзиши тарма хисорату талофот надошт.

Техникаи ширкати байналмилалии “IRS” ва хадамоти роҳи вазорати нақлиёти кишвар ба тоза кардани роҳ сафарбар шудаанд.

Ширкати “IRS” дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо интишори расмҳои зиёд аз вазъи кор дар роҳҳо аз ҷумла навишта буд: “Каме пештар, дар мувофиқа бо Раёсати БДА ВКД ва дар асоси тавсияи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд.
Тасмими мазкур ба таъмини бехатарии ронандагону мусофирон, тозакунии роҳ аз барф ва бартарафсозии пайомади тармаборӣ рабт дошта, кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то дар наздиктарин фурсат ҳаракати автомобилҳо имконпазир гардад”.

Вале бо вуҷуди боз шудан хатари лағзиши тарма дар минтақа бартараф нашудааст. Ронандагонро лозим аст эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар ин гуна роҳҳоро риоя намоянд. Риояи фосилаи байни мошинҳо ва боло набурдани суръати ҳаракат гарави аслии таъмини амният аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон ва сокинони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад қабл аз сафар ба самти Хуҷанд ва аз Хуҷанд ба Душанбе аз вазъи роҳҳо маълумоти расмӣ дарёфт кунанд ва баъдан омодаи сафар шаванд.

барчасп: