Дар ҳодисаи рахна шудани қубури оби ҷӯш дар яке аз меҳмонсароҳои шаҳри Перм 5 нафар ҳалок шудаанд (ВИДЕО)

Бар асари рахна шудани хати интиқоли оби ҷӯш дар кӯчаи “Артиши Сурхи шаҳри Перм 5 нафар ба ҳалокат расиданд ва се нафари дигар бо баданҳои пурҷароҳат аз сӯзиши оби ҷӯш дар бемористон бистарӣ шудаанд. Шаҳрдори Перм Дмитрий Самойлов дар шаҳр ҳолати фавқулода эълон кард. Мақомот мегӯянд об аз қубури кафида вориди меҳмонсарои “Карамел” шудааст. Ин меҳмонсарои хурд дар таҳхонаи бинои мазкур ҷой гирифтааст. Дар ҳамин иртибот гузориш мерасад, ки шояд Думои давлатии Русия ҷойгиронии меҳмонхонаҳо дар таҳхонаҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ҳоло дар ҷойи ҳодиса дастаҳои наҷот дар ҳайати ҳафт бригада фаъолият мекунанд.

Ин қубури интиқоли оби гарм, ки гуфта мешавад аз соли 1962 фаъол аст, шабҳангом кафидааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айни замон сабаби онро эълон накардаанд. Аммо як манбаъи наздик ба мақомот эҳтимоли ҳар гуна амали террористӣ будани ин ҳодисаро рад кардааст. 

Дар айни замон қубури рахнашуда таъмир ва оби гарм дубора ба хонаҳо равона шудааст. Шаҳрдорӣ гуфтааст, ки хонае, ки меҳмонсарои “Карамел” дар он воқеъ мебошад, пеш аз оғози мавсими гармидиҳӣ аз омодагии он ба зимистон санад пешниҳод накарда буд. 

Барои таҳқиқи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ дар заминаи риоя нашудани муқаррароти  беҳдоштӣ ва эминӣ боз шудааст.

Манбаъҳои хабарӣ гуфтаанд, ки ҷасади ҳалокшудагон баъди берун кашидани об аз таҳхона пайдо шудааст. Дар баъзе гузоришҳо ҳамчунин омадааст, ки яке аз қурбониёни ҳодиса кӯдак буд, вале ҷузъиёти бештар ҳоло ироа нашудааст ва қурбониён ҳам расман шиносоӣ нашудаанд.

“Мутахассисони маъмурияти ноҳия хонаҳоро аз назар мегузаронанд ва мизони хисорати расида ба сокинонро мушаххас мекунанд”,- гуфтаанд аз идораи шаҳрдорӣ ба РИА Новости.

Ахиран Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия видеои ин рӯйдоди фоҷеаборро нашр кард.

 

барчасп: