Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ва танзими фаъолиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар доираи татбиқи минбаъдаи чорабиниҳои “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Шуъбаи байниминтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб давраи омӯзишӣ бо ширкати 17 намояндаи ширкатҳои сайёҳӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон фаъолият мекунанд, доир гардид.
Дар ҷараёни ин дарси омӯзишӣ масъалаҳои табодули таҷриба миёни ширкатҳо ва тарҳрезиву барномарезиҳои табдирҳо барои коҳиши хатари офатҳое, ки ба ҷони гардишгарон хатари эҳтимолӣ доранд, дар бораи мавзеъҳо ва қитъаҳои хатарнок дар роҳҳое, ки сайёҳон ҳаракат мекунанд, дар мавриди санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи аҳолӣ ва таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳолатҳои ногувор ва рӯйдодҳои нохӯш, ҳамкории созмонҳои сайёҳӣ бо КҲФ, тарҳрезии чораҳои ҳимояи гардишгарон, ки дар қаламрави вилоят омадурафт доранд, ҳамчунин сабти номи онҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон дар бораи таҳкиму тақвияти ташаккул ва оммавигардонии минбаъдаи сайёҳӣ дар кишвар суҳбат карданд.
Дар поёни омӯзиш ба ширкаткунандагон техникаи махсус ва таҷҳизоти наҷоти КҲФ намоиш дода шуд.