Зарфи чанд рӯзи гузашта 140 нафар бар асари бориши шадиди барф дар Ҷануби Осиё ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Покистон хабар доданд, ки ҳудуди сад нафар дар ин кишвар аз сармои шадид ҷон доданд. Бештари ин ҳалокшудагон дар ноҳияе воқеъ дар Кашмири таҳти ҳимояи Покистон будаанд.
Се деҳа дар ин минтақа дар натиҷаи бориши бесобиқаи барф ва лағзиши тарма зери ғарами барф монда ва мақомот гуфтаанд, ки дар айни замон дар мавриди ҳоли шуморе аз сокинони он маълумот надоранд.
Роҳҳои зиёде дар ин минтақа бастаанд, ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои боз ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.
Дар Афғонистон низ аз бориши шадиди барф ва сармо то кунун 39 нафар ҷон додаанд. Аммо ҳукумати ин кишвар мегӯяд шумори ҳалокшудагон ба эҳтимоли зиёд бештар аз ин аст. Дар ин кишвар бештар аз 300 хона вайрон шуда ва ё аз барфи зиёд зарар дидаанд.
Мақомоти давлатии Ҳинд низ аз марги одамон бар асари резиши барф ва сармо дар шимоли ин кишвар хабар додаанд.
Бино ба иттилои созмонҳои ҳавошиносӣ интизор меравад бориши барф ва сармои шадид бар ин минтақаҳо муддате боз идома дошта бошад.