Рӯзҳо дар таърихи башар

12 январи соли 2016. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори нав таъиншудаи Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид. Ҳангоми сўҳбат тарафҳо масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаи коҳиши хатари фалокатҳо, имконоти тадбиқи барномаҳои муштаркро барои наҷотдиҳандагони КҲФ, омўзонидан ва бозомўзонидани кормандони Кумита ва беҳтар намудани заминаи моддӣ - техникии онро баррасӣ намуданд.

12 – уми январи соли 2010. Соати 16:53 бо вақти маҳаллӣ заминларзаи шадид бо қувваи 7 бал ҷазираи Ҳоитиро ларзонд. Баъди ин боз чандин такони дигаре ҳам дар минтақа ба қайд гирифта шуд, ки 15 ҳодисаи он бо қувваи 5 балл буд. Дар ин заминларза 222 570 нафар ҷон бохтанд, 311 ҳазор нафар захмӣ шуданд, 869 нафар бенишон гум шуданд. Ба кишвар 5,6 миллиард евро зарар овард. Дар пойттахти Ҳоитӣ шаҳри Порт-о-Пренс ҳазорон хона вайрон шуд, амалан ҳамаи бемористонҳо он ба хок яксон шуданд. Кохи миллӣ, бино Вазорати молия, Вазорати корҳои ҷамъиятӣ, вазораи алоқа ва фарҳанг хароб шуданд. Пойтахти ин кишвар бар асари заминларза комилан харобу валангор гашт. Дар ин офати табиӣ ҳамчунин 49 корманди СММ, ки дар Ҳоитӣ фаъолият доштанд, кушта шуданд.

Бино ба гузориши расмӣ охирин заминларзаи шадид дар ин кишвар соли 1751 рух дода буд.

12-уми январи соли 2017.  Дар 164-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар нақби Шаҳристон садамаи сахт рух дод. Яку якбора се мошини боркаш ба ҳам бархӯрданд. Ду мошин аз Хуҷанд ба Душанбе  ҳаракат доштанд ва мошини тамғаи “Дулан” аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифта буд.  Дар натиҷаи ин садама ҳаракати мошинҳо дар нақби Шаҳристон аз соати 18:14 то 22:18 дақиқа қатъ шуд. Муфассал: Садама ҳаракати мошинҳо дар нақби Шаҳристонро ҳудудан 5 соат мутаваққиф кард https://khf.tj/node/266

13 – уми январи соли 2017. Раиси КҲФ ва МГ дар рафти мулоқоти корӣ бо Директори иҷроияи Агентии байналмилалии кумаки гуманитарии Оғо Хон - «ФОКУС» ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ масъалаҳои коҳиши хатари ҳолатҳои фавқулода, ҳаллу фасли мушкилоти гуманитарӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкории КҲФ ва МГ ва «ФОКУС» - ро дар ин соҳа баррасӣ карданд. Дар мулоқот инчунин масъалаҳои  мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии Ситодҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании КҲФ ва МГ дар ВМБК, омўзонидан ва тайёр  кардани наҷотдиҳандагон ва ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.

13 –уми январи соли 1892. Дар обсангҳои зериобии баҳри Ҷанубии Чин киштии буғии британиёии «Namchow» суқут кард. Дар натиҷа 414 нафар кушта шуданд. 

13 – уми январи соли 1977.  Дар шаҳри Олма-Атои Қазоқистон ҳавопаймои Ту-104 сарнагун шуд. Ин ҳавопаймо мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот” буд ва бо хатсайри  SU-3843 ба Хабаровск—Новосибирск—Олма-Ато парвоз мекард. Ҳамаи 90 мусофир ва сарнишинони он ҳалок шуданд. 

13 – уми январи соли 1990. Ҳавопаймои Ту-134А  ҳангоми фуруди изтирорӣ 49 килеметр дуртар аз фурудгоҳи “Колсевой”-и шаҳри Первоуралск (вилояти Свердлови Русия). Аз 71 нафар 24 тан ҳалок шуданд, се нафари дигар баъдан дар бемористон ҷон доданд. 

13 – уми январи сол 1840.  Киштии чархии “Лексингтон”, ки зери парчами ИМА аз Ню-Йорк ба самти Стонингтон (сахраҷазира) дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама шуд. Дар натиҷаи сӯхтор дар киштӣ 40 нафар ҷон доданд. 

барчасп: