Барқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

27-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Бо андӯҳи гарон хабари ҳузнангези суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар наздикии фурудгоҳи Алмаато дарёфтам.

Ба наздикону пайвандони қурбониён изҳори тасаллияти амиқ намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонем».

Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон

барчасп: