Чунин буд хулосаи мулоқоти намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо хонандагон ва муаллимони мактабҳои ноҳияи Шаҳристон. Як ҳадафи роҳандозии ин гуна дидору мулоқот коҳиши хатари офатҳои табиӣ аст.
Бо ибтикори сардори бахши Раёсати вилоят дар ноҳияи Шаҳристон майор Хуршед Муродов дар ҳамкорӣ бо мудири шўъбаи маорифи ноҳия Абдувалӣ Абдурашидов баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҷоннок намудани машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ, баланд бардоштани донишҳои хонандагон дар самти мудофиаи гражданӣ ва амал ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳия бо ҷалби кормандони шўъбаи маориф ва сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Шаҳристон вохўрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохўрӣ майор Хуршед Муродов ба иштирокдорон ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди ноҳия бештар ба қайд гирифта мешаванд, ҳамзамон оид ба ҳолатҳои фавқулоддае, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия ба амал омаданд маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки тафаккури хонандагонро дар самти асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда баланд бардошта, бо аёниятҳо, китобчаҳои маълумотӣ, видеороикҳо ба хонандагон мавзўъҳоро омўзонанд.
Дар ин рсто ба онҳо фаҳмонидани амал ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ, ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардида, наҷот додани худ ва атрофиён, ташкил ва ба роҳ мондани тамринҳо ва машқҳо дар мавзўъҳои «Амал ҳангоми сар задани заминларза, омадани сел, ба амал омадани сўхтор», инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодабарии таҷҳизотҳои газию барқӣ, оташдонҳо, тафдонҳои гармидиҳии оташӣ, заҳролудшавӣ аз гази карбонат (аҳолӣ дар ноҳия бештар аз ангиштсанг ва оташдонҳо истифода мебаранд) ба мақсад мувофиқ аст. Дар мулоқот майор Муродом афзуд, ки бо хонандагон дар машғулиятҳои тарбиявӣ ва дигар ҷамъо мадҳои синфию умумимактабӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд.
Дар остонаи ҷашни Соли нави мелодии 2020 таъкид намуд, ки хурдсолон махсусан наврасону ҷавонон аз истифодаи маводҳои перотехникӣ худдорӣ намоянд, инчунин баён намуд, ки пешгирии ҳолатҳои фавқулодда беҳтар аз бартарафсозии он, аз ин лиҳоз мо бояд якҷоя амал намуда, чорабиниҳои пешгирикунанда ҳашарҳои дастаҷамъона ба монанди тоза намудани селроҳаҳо, каналу ҷўйборҳо аз партову сангу шағал фаъолона ширкат варзем.
Вобаста минтақаи кўҳӣ будани ноҳия ҳангоми бориш ба минтақаҳои кўҳӣ барои ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва чаронидани чорвову шикор худсарона набароянд, зеро резиши санг, омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Баъдан Абдувалӣ Абдурашидов - мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва М.Оқйигитов директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ №3 ба номи Нуриддин Ҳотамбоев сухан карданд. Онҳо ба Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд, ки аз тарафи Кумита ҳамасола чорабиниҳои пешгирикунанда ба роҳ монад мешаванд, ин худ аз ғамхориву меҳрубонӣ далолат медиҳад, ки барои тақдири насли ояндасози миллат таваҷҷўҳ хоса зоҳир менамоянд. Омўзгорон кўшиш менамоянд, ки огоҳиномаву муроҷиатномаҳои Кумитаро риоя намуда, дар пешгирии ходисаҳои нохуш саҳми худро мегузоранд.
Шаҳзода Бутаева,
Сардори бахши кор бо ҷомеаи
Раёсат, лейтенант