Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳизби Ислоҳоти иқтисодии ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Рустам Қудратов баргузор гардид.
Мавзуи асосии вохурӣ ин баррасии масъалаҳои омодагӣ ва баргузории интихоботи соли 2020-ро дар бар гирифт.
Рустам Қудратов аз ҷумла дар бораи муҳим будани ширкати фаъолонаи мардум дар интихоботи дар пешистода ҳарф зад, ҳамчунин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихобот”-ро шарҳ дод.
Дар суҳбат диққати асосӣ ба тартибу низоми овоздиҳӣ дар ҷойи будубош, ки бори аввал дар Тоҷикистон таҷриба мешавад, равона шуд.
Дар охир вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Қудратов ба ҳозирон барои корҳои ояндаашон комёбиҳо таманно намуд. Вай гуфт: “Дар назди шумо вазифаҳои басо ҷиддие меистанд ва ман бовар дорам шумо дар кори баргузории интихоботи соли 2020 низ ҳиссаи сазовор хоҳед гузошт”.