Наҷоти зани солманд, ки паси дари баста монда буд

Ин хабар ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе субҳи рӯзи гузашта расид. Гуфта мешуд, ки аз қазо дари хона баста шудаву соҳибонаш наметавонанд вориди он шаванд ва дар дохили хона зани 79 - сола тани танҳост. Кормандони наҷот фаврӣ ба ҷойи ҳодиса, воқеъ дар Рӯдакии пойтахт рафтанд ва бо истифода аз таҷҳизоти вижа дарро боз карданд ва пиразанро аз танҳоӣ раҳо намуданд.

Бегоҳии дирӯз, 23.12.2019 истиқоматкунандаи ноҳияи Синол, кӯчаи Испечак-2 ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе занг зад ва аз мушкили ба сараш омада хабар дод. Вай гуфт, ки лифти бинои мазкур маҳкам шуда, дар дохили он як духтари 10-сола мондааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса расиданд ва дари лифтро кушода, шаҳрванда, ноболиғро саломат ба волидонаш супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони биноҳои баландошёнаи кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои номатлуб ноболиғон ва кӯдаконро тани танҳо ба лифт равон накунанд. Зиёд шудааст ҳодисаҳое, ки лифтҳо дармондаанду ба ҳолати руҳии наврасону кӯдакон асар кардаанд. Чун ба муҷарради дармондани лифт, чароғи он хомӯш мешавад ва торикии ваҳшатзо ба кӯдак беасар намемонад.

барчасп: