Мулоқоти генерал Назарзода бо ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо кормандони Раёсати КҲФ дар вилоят, роҳбарони шуъбаҳои КҲФ дар минтақаҳо мулоқот намуд.  Дар ҷараёни вохӯрӣ Сарвари Кумита ҳисоботи роҳбарони шуъбаҳо дар ноҳияҳои Исфара ва Конибодомро дар бораи вазъи корҳои бунёд ва барқарорсозии хонаҳои зарардидагон аз сел, ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалҳо шунид.

Ҳамчунин дар ин нишаст ҳисоботҳо дар бораи қарори Ҳукуматҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар бораи ҷудо кардани маблағ ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, фаъол намудани корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ, таҳкими тадбирҳои ҳимоявӣ дар ноҳияҳои осебпазир, гузаронидани омӯзишҳои ғайринақшавӣ бо аҳолии ин ноҳияҳо шунида шуданд. 

Зимни суханронии худ Раиси КҲФ зикр намуд, ки бояд кормандон вазифаҳои хидматии худро аз рӯйи виҷдон бо риояи ҳама қоидаҳои ҳарбӣ, Низомномаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, ҳамаи қонунҳои амалкунанда анҷом диҳанд.

Сарвари Кумита ҳамчунин доир ба омӯзиши занбонҳои хориҷӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни ҷавонон дар бораи пешгирӣ аз шомил шудани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҳарф зад. 

Дар поёни мулоқот Раиси Кумита ба ҳайати шахсии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд барои корҳои пурсамарашон дар соли 2019 изҳори сипос кард.

барчасп: