Ин ниҳод дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи Нуқтаи идоракунии ҷумҳуриявии мудофиаи гражданӣ ташкил шудааст, ки соли 1993 ҳамчун Марказ, баъдан Раёсат ва Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва соли 2005 ба Маркази ҷумҳуриявии идораи мудофиаи граждании Кумита табдил дода шуда буд.
Маркази иттилоотию таҳлилӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 таъсис дода шуда буд, пешбурди сиёсати Кумита дар самти пешгӯӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, бо воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории алоҳидаи Кумита, инчунин бо дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ҳамкориро ба роҳ монда, табодул ва интиқоли маълумотҳои зарурӣ, омода ва дар ҳолати кори нигоҳ доштани Манбаи маълумотии Кумита оид ба рӯйдоди ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар миқёси ҷумҳурӣ, таҳияи харитаҳои вазъи рўйдоди ҳодисаҳоро амалӣ менамояд.
Бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти Маркази идоракунӣ ва Маркази иттилоотию таҳлилии Кумита бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 ин ду сохтори таркибӣ ба Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ табдил дода шуд. Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ аз зерсохторҳои зерин иборат мебошад:
- шуъбаи эътинои фаврӣ ва хадамоти ягонаи навбатдорони диспетчерӣ;
- шуъбаи иттилоотӣ- таҳлилӣ;
-шуъбаи телекоммуникатсия ва алоқа;
- шуъбаи барномасозӣ;
- бахши таъминоти техникӣ.
Мирзоғафур Мирзоев, Сардори Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, полковник