Мулоқот бо духтури бемориҳои сил

Бо мақсади иттило, пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо духтури бемориҳои сили Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз сил Нозанин Мирзоева мулоқот баргузор шуд.

Дар ин вохӯрӣ сухан аз аввалин нишонаҳои сил, дар бораи омилҳои таъсиррасон ба ин беморӣ, сари вақт гузаштан аз санҷиши тиббӣ ва ғайра сухан рафт. 

Дар поёни мулоқот ва табодули афкор дар миёни ширкаткунандагон китобчаҳо ва варақаҳои таблиғотӣ паҳн карда шуданд.

Гуфтанист, ки ин гуна дидору мулоқотҳо қаблан дар дигар воҳидҳои КҲФ низ гузаронида шуда буданд.

барчасп: