Хабаргузории Спутник ба нақл аз манбаъҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд лаҳза пеш навишт: Зарари нӯҳ ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ дар вилояти Суғд, ки дар 11 моҳи соли равон сурат гирифтааст, беш аз 11 миллиону 278 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Полковник Анвар Қосимов, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Суғд иттилоъ додааст, ки муддати 11 моҳи ахир дар қаламрави вилоят, нӯҳ ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуда ва аз ин ҳисоб ба хоҷагии халқ 11 миллиону 278 ҳазору 034 сомонӣ зарар расидааст.
“Дар паи ин ҳодисаҳо 7 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд”, - гуфтааст полковник Қосимов.
Матни комили гузориш:
Ҳафт қурбонӣ ва беш аз 11 милион сомонӣ зарари офатҳои таббиӣ дар Суғд.