Ҳавои рӯзи ҷумъа, 13-уми декабр. Сардӣ дар Булункул ба 29 дараҷа мерасад

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон Булункулро сардтарин нуқтаи Тоҷикистон эълон кард. Сардии шабона дар ин қитъа аз хоки кишвар ба 29 дараҷа мерасад. Ҳавои Душанбе низ назар ба рӯзҳои пеш сардтар мешавад. Боз ҳам боридани барф дар минтақаҳои кӯҳӣ пебинӣ шудааст. 

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрист ва гоҳ – гоҳе борон меборад, туман баъзан осмони абриро ҳам мепӯшад. Шамол аз ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад.  Дамои ҳаво низ шабона 2+4 ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм хоҳад шуд.   

 Дар навоҳии тобеъи марказ  низ ҳавои абрӣ пешбинӣ шудааст, дар навоҳии кӯҳӣ борону барф меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, 0+5 дараҷа гарм мешавад, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ сардии ҳаво то ба 5 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои абрӣ, баъзан борон меборад, туман гоҳ-гоҳе ҳаворо торик мекунад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 4+6 ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд  дар водиҳо борон, дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ барфу борон меборад.  Вазиши бод аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар сония хоҳад буд. Дар водиҳои ин вилоят шабона ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ  низ абрист, борон ва баъзан барф ҳам меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+2° гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Мурғоб ҳаво абрист, вале бебориш. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 17-19°, рӯзона 3-5 дараҷа хунук мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигари ВМКБ низ ҳаво пурабр мешавад, дар ноҳияҳои ҷудогона борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона  1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад, дар  шарқи вилоят шабона аз 16 то 21 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо ин сардӣ ба 25-30 дараҷа мерасад, рӯзона 3-8 дараҷа (дар Булункул аз 27 то 29 дараҷа)сард мешавад.

Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, борони суст ҳам меборад. Шамол аз  самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар ш. Кӯлоб тумани суст мефарояд, каме борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 2+4, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво абрист, дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо гоҳ борон ва гоҳ барф меборад.  Шамол аз самти ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

барчасп: