Охирин ҷаласаи РЕАКТ дар соли 2019 баргузор шуд

Дар поёни ҷаласа бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офтаҳои табиӣ миёни КҲФ ва Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ёддошти тафоҳуми татбиқи лоиҳаи “Мутобиқшавии технологӣ ба тағйири иқлим дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон” имзо шуд.

11 – уми декабри соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии намояндагонии  Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта ва ширкати сарварони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи  арзёбиҳои сареъ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор шуд. 

Сарвари Кумита дар расми ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт: “ба ҳам овардани нерӯҳо ва имкониятҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва расонидани ёрӣ ба ниёзмандон бояд барои ҳамеша шиори ҳамкориҳои мо бошад”.

Дар рафти ҷаласа ширкаткунандагон бо ҳолатҳои фавқулодае ошно карда шуданд, ки дар қаламрави кишвари мо рух доданд ва дар бораи омодагиҳои РЕАКТ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода изҳори назар сурат гирифт. Илова бар ин, дар ҷаласа масъалаҳои таҳия, тақвият ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, дар бораи омодагиҳои ҳуқуқӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ маълумот дода шуд, эҳтиёҷоти вазорату идораҳои соҳаро ба омӯзиши идораи офатҳои табиӣ арзёбӣ карданд.

Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар мас ъалаи ҳусни ният дар таҳкими ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани зарфиятҳо ва тавонмандиҳои  КҲФ ҳамчун як мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири офатҳои табиӣ ва техногенӣ ҳамназар буданд. 

Дар охири ҷаласа иштирокчиён афзалиятҳои кори муштарак, ба мисли ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда, таҳкими ҳамоҳангсозии соҳавӣ, таълим ва бозомӯзии кадрҳо дар масъалаҳои идоракунӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва дастгирии минбаъдаи Стратегияи Миллии Ҷумҳурӣ Тоҷикистон барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин ташкили захираҳои зарурӣ барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табииробарои соли 2020   муайян намуданд.

 Дар поёни ҷаласаи РЕАКТ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офтаҳои табиӣ миёни КҲФ ва Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ёддошти тафоҳуми татбиқи лоиҳаи “Мутобиқшавии технологӣ ба тағйири иқлим дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон” имзо шуд. Санади ҳамкориро сарвари КҲФ Рустам Назарзода ва Директори Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) хонум Сабина Олтхоф имзо намуданд.

барчасп: