Офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд беш аз 11 миллиону 278 ҳазор зарар овардаанд

Соли равон бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ҳафт нафар шаҳрвандон дар вилояти Суғд ҷон бохтаанд. Ин рақамҳо дар ҷаласаи комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят эълон шуд, ки ахиран дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ширкати раиси комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ҳолатҳои фавқулодда Баҳодурзода Баҳоваддин ва аъзои комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Баъди сухани муқаддимавии Баҳоваддин Баҳодурзода полковник Анвар Қосимов – муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар бораи  амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки Сарвари мамлакат дар мулоқот ва Паёмҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки таъмини зиндагии осудаи аҳолӣ, ҳифзи сарватҳои миллӣ, эминии ҳудуди кишвар, аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ яке аз самтҳои асосиии сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мера вад.

 Номбурда дар идома афзуд, ки дар муддати 11 моҳи ахир  дар вилоят лоят 9 нўҳ ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарари расонида шуда 11 миллиону 278 ҳазору 034 сомониро ташкил дод. Дар ин ҳодисаҳо 7 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд. Вай ҳамчунин барои қиёс иброз дошт, ки дар ҳамин давраи соли 2018 6 (шаш) ҳодисаи   фавқулоддаи табиӣ рух дода буд ва ба хоҷагии халқ  12 миллиону 989 ҳазору 034 сомонӣ зарар расонд. Дар ин офатҳо 5 нафар шаҳрвандон қурбон шуда буданд. 

Сардори  идораи роҳи вилоят Ҳ. Латифӣ оид ба захираҳои идора барои зимистонгузаронӣ, омодагии техника ва таҷҳизот, маводҳои зидди лағҷиш барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда гузориш дод.

Баъдан, гузориши сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ ва Раёсати тандурустии вилоят шунида шуд.

Дар охир муовини Раиси вилоят суханронӣ кард ва бо ёдоварӣ аз корҳои анҷомшуда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибадҳои ҳолатҳои фавқулода ва колиши хатари офат, вазифаҳо дар соли оянда баҳри такими  ҳамкориҳо миёни ниҳодҳо, татбиқи  Барномаи Рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, роҳандозии  корҳои соҳилбандӣ вобаста ба номусоид омадани вазъи обу ҳаво, гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ инчунин ҳангоми зарурат ташкили навбатдории шабонарўзӣ дар минтақаҳои хавфнок ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуд. 

Шаҳзода Бутаева

барчасп: